Ҳукумати Русия эълон кард, ки аз 18-уми март то 1-уми майи имсол вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандро ба қаламраваш маҳдуд мекунад.
Мақомоти Узбекистон ба як гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар роҳи бозгашт ба ватан дар марзи ин кишвар дармонда буданд, иҷозаи гузаштан додаанд. Муҳоҷирон мегӯянд, баъд аз 17 соати интизорӣ онҳо тавонистанд, аз сарҳади Қазоқистон ба ҳудуди Узбекистон ворид шуда, роҳро идома диҳанд.
Илҳомҷон Ёқубов, узви Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи чаҳор созмони мухолифини тоҷик дар Аврупо, дар шаҳри Каунаси Литва мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ёқубов чанд сол боз дар онҷо кору зиндагӣ дорад.
Як мансабдори баландпояи Русия аз такрор ба такрор гирифтани имтиҳони забони русӣ аз муҳоҷирон дар ин кишвар танқид кард ва онро "таҳқири муҳоҷирон" номид.
Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии ҷаҳонӣ, ки 16-уми март дар сомонаи futsalworldranking.be нашр шудааст, ҳафт зина боло шуд ва дар байни 115 кишвар бо 918 имтиёз дар ҷойгоҳи 63-юм қарор гирифтааст. Дар феҳристи нави ҷаҳонӣ мунтахаби футзали Бразилия бо 1810 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Испания бо 1801 имтиёз дар зинаи дувум ва Аргентина бо 1694 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Русия (1642 имтиёз), Португалия (1639 имтиёз)... Читать дальше...
Дар мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷараён дорад, баъди натиҷагирии бозиҳо дар ҳарсе гурӯҳ дастаҳои “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, “Душанбе-83”, "Истаравшан"-и Истаравшан ва ССКА-и Душанбе ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо карданд. «Кӯктош», ки дар гурӯҳи “А” дар ҳарсе бозӣ бар «Душанбе-83» бо ҳисоби 1:0, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 ва “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. «Душанбе-83», ки бар «Хатлон» ва «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омад... Читать дальше...
Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик гуфтанд, ки ҳангоми бозгашт аз Русия дар марзи Қазоқистону Узбекистон дармондаанд ва наметавонанд ба ватан баргарданд.