Дар як қатор шаҳрҳои Русия зидди тағйироте ба Конститутсияи Русия тазоҳурот доранд, ки ба Владимир Путин имкон медиҳад, дубора президент интихоб шавад. Дар ҳамоиши эътирозии Красноярск ҳудуди 200 кас ҷамъ шуданд. Мақомот ба баргузории тазоҳурот дар маркази шаҳр иҷозат надоданд. Ба фаъолон гуфтанд, метавонанд дар назди гулгашти Космонавтов, дар хиёбони Терешкова тазоҳурот кунанд. Дар Екатеринбург 22 март зидди ба сифр баробар кардани давраҳои пешини президентии Владимир Путин ҳудуди 50 кас гирди ҳам ҷамъ омаданд. Читать дальше...
Табибон тавсия медиҳанд, ки барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ё бемории COVID-19 ҳар нафар бояд беҳдошт ва ё гигиенаи шахсиро риоя кунад. Пайваста дастонро бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯяд, ба бинӣ, чашму даҳон камтар даст расонад.
Саидбек Сатторов профессори тоҷик дар сӯҳбати кӯтоҳе бо Радиои Озодӣ гуфт, чӣ гуна метавон аз коронавирус эмин монд. Тавсияҳояшро худатон бубинед ва худро эҳтиёт кунед.