Ҳукумати Қирғизистон ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия дод, аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ варзанд ва талош кунанд, ки дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон ҳузур пайдо накунанд. Дар ин бора дар ҷаласаи рӯзи 4-уми марти Ситоди ҷумҳуриявии огоҳсозии вуруд ва пешигирӣ аз паҳншавии вируси нав ба кишвар хабар дода шудааст. Гуфта мешавад, бино бар тавсияи Вазорати тандурустии Қирғизистон ҳамаи чорабиниҳои оммавие бекор шудааст, ки дар ояндаҳои наздик мебоист баргузор шаванд. Мақомот ҳамчунин аз сокинон дархост карданд... Читать дальше...
Нависанда ва мутарҷим, муҳаққиқи машҳури уйғурҳои Чин Евгений Бунинро рӯзи 1-уми март иҷоза надоданд, ки вориди Узбекистон шавад. Бунин, ки шаҳрвандии Русия ва ИМА-ро дорад, талош кард, бо шиносномаи амрикоияш вориди Узбекистон шавад, аммо ӯро аз марзи Қазоқистону Узбекистон баргардониданд. Дар гузашта, рӯзи 1-уми ноябр соли 2019 низ мақомоти Узбекистон Бунинро иҷоза надода буданд, ки вориди ин кишвар шавад. Он замон дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд гуфтанд, сабабҳои ихроҷи Бунинро намедонанд ва тавсия доданд... Читать дальше...
Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ба иллати коронавирус баргузории тӯю маъракаҳоро манъ карда, иншооти фароғатиро мебанданд ва сокинонро аз сафар ба Аврупову Туркия бармегардонанд. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар муассисаҳои давлатӣ ва мактабҳои Ишқобод ҳарорати бадани кормандону донишомӯзон санҷида мешавад. Гумонбарони гирифторӣ ба коронавирусро фавран ба Маркази бемориҳои сироятии Чоганлӣ мефиристанд. Шумори дақиқи онҳое, ки дар марказ бистарӣ ҳастанд, гуфта намешавад. Читать дальше...
Русия нерӯҳои низомии худро дар Сурия бо шитоб тақвият мебахшад. Дар ин бора хабаргузории "Reuters" бо истинод ба иттилои сафарбаршавии киштӣ ва ҳавопаймоҳо ба Сурия хабар додааст. Матлаби хабаргузорӣ дар арафаи мулоқоти раҳбарони Русия ва Туркия - Владимир Путин ва Раҷаб Эрдуғон нашр шудааст, ки қарор аст 5 март дар шаҳри Москва баргузор шавад. Раҳбарони ду кишвар дар пасманзари ташаннуҷи авзоъ дар вилояти Идлиби Сурия мулоқот хоҳанд кард. Артиши Сурия бо дастгирии Русия ҳамлаҳоро ба Идлиб бештар кардааст. Читать дальше...
Ҳукумати Русия содироти ниқобҳои тиббӣ ва хилъатҳо, бахилҳо, дастпӯшҳои резинӣ, хилъатҳои зидди тоъунӣ ва дигар навъи маҳсулоти тиббиро ба хориҷ манъ кард. Ин қарори ҳукумати Русия субҳи 4-уми март нашр шуд. Қарори мазкур то 1-уми июни соли 2020 идома мекунад. Дар ҳуҷҷат омадааст, ки тасмими манъи содирот ба хотири пешгирӣ аз норасоии маҳсулоти мазкур дар сурати густариши вируси корона рӯи даст гирифта шудааст. Аммо шаҳрвандон метавонанд, барои истифодаи худ ин навъи маҳсулоти тиббиро, дар ҳаҷми маҳдуд, бо худ ба хориҷ баранд. Читать дальше...
"Иҷрои тавофуқномаи сулҳи Амрико бо Толибон масоили зиёдеро ба бор меорад", - мегӯянд коршиносон, вале бовар доранд, "дараҷаи муваффақият ва ё нокомии он ба амнияти кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон асаргузор хоҳад буд". Аз имзои тавофуқнома миёни Амрико ва ҷунбиши Толибон як ҳафта ногузашта, ҷангҷӯён хушунатҳоро дар Афғонистон аз сар гирифтанд. Тавре расонаҳои афғонӣ иттилоъ медиҳанд, рӯзи 2-юми март дар Хост замони баргузории бозии футбол амалиёти маргтабалона анҷом шудааст. Дар натиҷа 3 нафар кушта ва 11 нафар ҷароҳат бардоштанд. Читать дальше...