Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 3-юми март ҷаласаи Шӯрои амнияти кишварашро бо иштироки раҳбарони як қатор ниҳодҳои давлатӣ баргузор ва масъалаҳои иқтисодиву амниятиро баррасӣ кард. Ба огаҳии ҳукумати Қирғизистон, Ҷеенбеков ҳамчунин тазоҳуроти ҷонибдорони сиёсатмадори зиндонӣ Содир Жапаровро шарҳ додааст. "Дирӯз кормандони пулис вазифаи худро пурра анҷом доданд. Онҳо аз ҳуқуқи шаҳрвандон ба зиндагии осоишта ҳимоят карда, тартиботро дар шаҳр таъмин намуданд. Ҳамчун раҳбари давлат мегӯям, ки оромӣ дар ҷомеа дар мадди авал меистад. Читать дальше...
Вазорати умури дохилии Туркия мегӯяд, ҳафтаи гузашта марзи ин кишварро бо Юнон 130,5 ҳазор муҳоҷир ғайриқонунӣ убур кардаанд. Муҳоҷирон пас аз он озими Аврупо шуданд, ки Туркия марзҳои худро боз кард. Дар ҳамин ҳол, вазири умури муҳоҷирати Юнон гуфт, кишвараш ба қабули мавҷи нави муҳоҷирон омода нест. Муҳофизати марзҳои Булғористон ва Юнон пурзӯр шуда, миёни маъмурони пулис ва муҳоҷирон задухурд сурат гирифт. Дар натиҷа барои пароканда кардани гурезаҳо аз гази ашковар истифода шудааст. Президенти... Читать дальше...
Даҳҳо ронанда дар шаҳри Кӯлоб рӯзи 3-уми март ба нишони эътироз аз тағйир додани самти ҳаракати мусофирбарҳояшон корпартоӣ карданд. Мақомоти шаҳр амр додаанд, ки мусофиркашонии микроавтобусҳои хатсайрҳои № 2 ва № 3, ки қаблан аз назди бозори марказии Кӯлоб мегузаштанд, дигар аз ин роҳ наоянд.
Даҳҳо ронанда дар шаҳри Кӯлоб ба нишони эътироз даст ба корпаротоӣ заданд. Ин ронандаҳо, ки дар маркази шаҳр ба мусофиркашӣ машғуланд аз як қарори мақомот норозиянд. Мақомоти шаҳр амр додаанд, ки мусофиркашони хатсайрҳои 2 ва 3 аз назди бозори марказӣ нагузаранд ва аз дигар самти ҳаракат кунанд.