Шумораи қурбониёни коронавирус дар Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 29-уми июл аз 150 ҳазор нафар гузашт. Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз --яке аз марказҳое, ки омори олудашудаҳо ба вируси каронаро дар ҷаҳон ва шумораи қурбониёнро сабт мекунад, гузориш дод, ки то соати 16-и рӯзи чаҳоршанбе 150 ҳазору 34 нафар дар Амрико бар асари COVID-19 ҷон бохтаанд. Ин марказ теъдоди афродеро, ки низ то кунун дар Амрико ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, беш аз 4,4 миллион гуфтааст. Амрико баландтарин омори гирифторӣ ба коронавирус ва марг аз ин бемориро дар ҷаҳон дорад. Читать дальше...
Додгоҳе дар шаҳри Душанбе Қосим Оеви 30-соларо барои озори як зан 406 сомонӣ ҷарима кард. Дар ин бора Раёсати умури дохилии Душанбе хабар дод. Ҳодиса 12 июли соли равон рух додааст. Ин зан дар шабакаи "Фейсбук" навишт, ки дар роҳ мунтазири таксӣ буд ва ҷавоне бо мошини навъи Mercedes-Benz омада, бар ивази 100 доллар ба ӯ пешниҳоди ҳамхобагӣ кард. Зан дар посух зарфи обро ба самти мошин ҳаво дода, дар натиҷа ҷавон вайро дашном додааст. "Чаро мардҳо ин гуна рафтор мекунанд? Магар онҳо, модар, хоҳар, зан ё духтар надоранд? Читать дальше...
Расонаҳои Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 29-уми июл хабар доданд, ки Алӣ Лориҷонӣ, раиси пешини порлумони ин кишвар дубора ба коронавирус мубтало шуда, ба бемористон интиқол ёфтааст. Ин гузоришҳо ҳолати умумии Алӣ Лориҷониро "мусоид" гуфтаанд. Ба навиштаи расонаҳои Эрон, оқои Лориҷонӣ ҳоло зери муроқибати табибон қарор дорад. Алӣ Лориҷонӣ дар охирҳои моҳи март, ки он замон раиси порлумони Эрон буд, низ ба ин беморӣ гирифтор шуда буд. Ӯ дар ҳоли ҳозир узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон аст.
Додгоҳе дар шаҳри Москва писари раиси пешини ҳукумати Доғистон Мухтор Маҷидов Муртузалиро ду моҳ ҳабс кард. Ӯ дар куштори донишҷӯдухтари қазоқ Томирис Байсафӣ айбдор мешавад. Модари донишҷӯдухтар Жанна Ахметова дар шабакаи иҷтимоии "Инстаграм" ба президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, маъмурияти президенти Русия ва раиси Кумитаи тафтишотӣ Александр Бастрикин барои ҳабси ҷавони доғистонӣ миннатдорӣ баён кард. "Президенти мо нишон дод, ки дар ин дунё на ҳама чизро мешавад харид ё барои қонуншиканӣ ҷавоб нагуфт. Читать дальше...
Дар Қирғизистон сокинон бинои як масҷидро ба шифохона табдил доданд. Чанде аз табибони деҳа низ довталабона ҳозир шуданд ва дар бинои масҷид ба муолиҷаи беморон пардохтанд.
Умедҷон Сайдуллозода, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалии онлайнии Перу оид ба таэквондо дар равияи пумсэ, ки бо иштироки варзишгарони 26 кишвар доир гардид, мақоми аввалро соҳиб шуд.
Як варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Таэквандо тавассути интернет ширкат варзида соҳиби ҷои аввал гаштааст. Бинобар пандемияи короновирус мусоибқаи байналмилалии Таэквандо дар равияи Пумсе дар Перу онлайн баргузор шуд ва ҷои аввал насиби Умедҷон Сайдуллозода шуд.