Раиси пешини дафтари "Интернюс" (Internews) дар Тоҷикистон ин созмони амрикоиро ба додгоҳ кашидааст. Абдумалик Қодиров даъво дорад, ки қарори аз вазифа барканор кардани ӯ "хилофи қонуни меҳнат" ва "низомномаи ташкилот" аст ва аз додгоҳ мехоҳад, ӯро дар мақоми пешинааш барқарор кунад. Созмони амрикоии "Интернюс" масъаларо расман шарҳ надодааст, вале як намояндааш дар Тоҷикистон гуфтааст, "ин як баҳси одии корӣ аст".
Сафорати Тоҷикистон аз мақомоти Русия дар бораи шахси кушташуда дар ҳодисаи шаҳри Химкии вилояти Маскав шарҳ хостааст.
Швейтсария ба Тоҷикистон барои муқобила бо пайомадҳои коронавируси нав 1.1 миллион доллар дод.
Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки маҷбур шудааст дар фасли гармо лимити нерӯи барқро ҷорӣ кунад, то мардум дар тирамоҳу зимистон ба мушкили ҷиддӣ дучор нашаванд.
Густариши бемории COVID-19 дар ҷаҳон вуруди сармояҳои хориҷиро ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додааст.
Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбат ба як гурӯҳ аз масъулони "Агроинвестбонк" парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Ин афрод ба "қонуншиканӣ ҳангоми додани қарзҳо" муттаҳам мешаванд.
Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, аз сокинон хостааст, ки аз ин ба баъд дар намозҳои ҷаноза фосилаи ҷисмониро риоя кунанд ва ниқоби тиббӣ бипӯшанд.
Дастаи занони футболбози Душанбе ба рақибонашон аз ноҳияи Дӯстӣ пирӯз гаштанд. Се духтар аз дастаи аввал чор голро ба дарвозаи ҳариф расониданд
Густариши бемории COVID-19 дар ҷаҳон вуруди сармояҳои хориҷиро ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додааст.
Замони Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон дар соҳаи варзиш пешравиҳои зиёд дошт. Варзишгарони тоҷик дар чорабиниҳои варзишӣ фаъолона иштирок ва сазовори ҷойҳои намоён ҳам мешуданд. Майдонҳои асосии варзишии он замонро аз матолиби Sputnik Тоҷикистон бубинед
Оҷонси байнулмилалии Moody’s рейтинги қарзии дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати Тоҷикистонро бо асъори милливу хориҷӣ дар сатҳи "В3 рушди устувор" арзёбӣ кардааст.
Модарон дар Афғонистон муборизаро барои он оғоз кардаанд, ки номашонро дар санадҳои расмии фарзандонашон сабт кунанд.
Кумитаи миллии олимпии Қатар пешниҳоди дархости худро ҷиҳати баргузории Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2032 эълон кард. Пас аз он ки Қатар ҳаққи баргузории Ҷоми ҷаҳонии футболро дар соли 2022 ба даст овард, дар ин кишвар дар бораи доир кардани Олимпиада ба андеша афтоданд. Қатар қарор додааст, ки барои баргузории Бозиҳои олимпӣ дар соли 2032 дархост пешниҳод кунад. Рақибони Қатар Австралия, Чин, Ҳиндустон ва инчунин Кореяи Ҷанубӣ ҳамроҳ бо Кореяи Шимолӣ хоҳанд буд. "Эълони мазкур оғози муколамаи... Читать дальше...
Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбат ба як гурӯҳ аз масъулони "Агроинвестбонк" парвандаи ҷиноӣ кушодааст.
Дар даври ҳафтуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки 26-уми июл доир гардид, пешсафон ва муддаиёни аслии медалҳо – «Хатлон»-и Бохтар ва «Зебонисо»-и Душанбе пирӯзӣ ба даст оварданд, вале «Зебо»-и Дӯстӣ шикаст хӯрд. “Хатлон” дар меҳмнӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. “Зебонисо” ба дарвозаи дастаи меҳмон - “Зебо” - чаҳор голи беҷавоб зад. Дар се бозии дигари даври ҳафтум “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бар дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 1:0... Читать дальше...
Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб баъди панҷ ғалабаи пайи ҳам дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, дар даври шашум дар меҳмонӣ аз «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти “Равшан” дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад. Бо вуҷуди бохт “Равшан” дар ҷадвали мусобиқа мавқеи пешсафиашро нигаҳ дошт ва бо 15 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. “Эсхата”-и Хуҷанд, ки дар даври шашум дар майдони худ аз «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт, бо 12 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад. Читать дальше...
Абдумалик Қодиров, раиси пешини дафтари “Интернюс” (Internews) дар Тоҷикистон, масъулони ин созмони амрикоиро барои “беасос аз вазифа барканор карданаш” ба додгоҳ кашидааст.