Эстакада ё роҳи сетабақаи назди беморхонаи маъруф ба Қарияи Боло баъд аз таъхири чандмоҳа ифтитоҳ шуд. Субҳи 10-уми июл Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳи писараш Рустами Эмомалӣ ва ҳамзамон шаҳрдори Душанбе роҳи сетабақаро ба истифода дод. Дафтари матбуотии Президент мегӯяд, амалишавии тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамониати нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат мекунад. Мақомот мегӯянд, ин роҳи сетабақа бо маблағи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ сохта шудааст. Читать дальше...
Аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки бояд рӯзҳои 20-27-уми августи соли 2020 дар Қазон – пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Русия доир мегардид, ба далели пандемияи коронавирус ба давраи аз 4-ум то 11-уми сентябри соли равон ба таъхир гузошта шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати варзиши Русия хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ин тасмим дар ҷаласаи онлайни раҳбарони мақомоти давлатӣ оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои... Читать дальше...
Конфедератсияи футболи Осиё пас аз як қатор мубоҳисаҳои созанда бо аъзои AFC, лигаҳо ва бошгоҳҳо тақвими мусобиқаҳо барои дастаҳои миллӣ, бошгоҳҳо ва мусобиқаҳои футзалро дар соли 2020 таҳия намуд. Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 дар минтақаи марказӣ бо иштироки ду бошгоҳи Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, инчунин дастаҳои “Алтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) ба таври мутамарказ аз 20-уми октябр то 4-уми ноябр баргузор мешавад. Федератсияи футболи Тоҷикистон дархост додааст... Читать дальше...
Мақомоти вилояти Талласи Қирғизистон вуруди шаҳрвандонеро ба вилоят манъ карданд, ки қайди ҷойи зист надоранд. Марат Муродалиев, раиси вилояти Таласс гуфт, мақомот дар вурудгоҳи вилоят шиносномаҳои воридшавандагонро тафтиш мекунанд. Муродалиев бастани вилоятро ба тавсияи табибон рабт дод, ки гуфтаанд, барои мубориза бо паҳншавии коронавирус бояд равуои сокинон маҳдуд шавад. Дар вилояти Таласси Қирғизистон ҳамзамон бозорҳои чорво ва майдонҳои варзиш баста мешаванд. Раиси вилояти Таласс вазъи беҳдоштиро дар ин минтақа муътадил арзёбӣ кард. Читать дальше...
Наздики ду ҳазор муҳоҷири дар марзи Қазоқистон дармондаи Узбекистон шаби 9 июл иҷозаи убур дарёфт карданд. Дар ин бора мақомоти Қазоқистон ба расонаҳо хабар доданд. Ба гуфтаи мақомот, дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон наздики 3 ҳазор муҳоҷир аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон ҷамъ шуда буд. Ин муҳоҷирон ба далели паҳншавии вируси корона ва баста будани марзҳо натавонистанд, бидуни монеа ба манзилҳои худ расанд. Узбекистон, ки аз охири моҳи март марзҳояшро баста аст, ба далели надоштани... Читать дальше...
Вазорати нақлиёти Узбекистон хабар дод, ки теъдоди парвозҳои чартерӣ барои баргардонии шаҳрвандони ин кишвар аз хориҷ кам шудааст. Ин вазорат хабари комилан қатъ шудани парвозҳои мазкурро рад кард. Бино бар нақшаи нав, аз 10 то 19 июл парвозҳои зер сурат хоҳанд гирифт: 10 июл Сеул — Тошканд — Сеул (Korean airlines) 12 июл Санкт-Петербург — Тошканд — Санкт-Петербург (Rossia) 13 июл Сеул — Тошканд — Сеул (Asiana airlines) 13 июл Тошканд — Москва — Тошканд (Uzbekistan Airways) 15 июл Москва ... Читать дальше...
Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Шерзод Пиронзода корманди милисаи минтақавии Шуъбачаи корҳои дохилии Ворухро, ки номаш пас аз як моҷарои занозании ӯ бо сокини солманди ин минтақа расонаӣ шуд, ба рои кор ба ШКДи ноҳияи Ашт гузарондааст.