Мақомоти вилояти Лебапи Туркманистон иҷборан тарошидани риши мардон ва дар умум таъқиби онҳоеро дубора оғоз карданд, ки расму ойини исломиро пайравӣ мекунанд. Дар шаҳри Туркманобод ва ноҳияи Фороб маъмурони пулис ва Вазорати амнияти миллии Туркманистон дар кӯчаву бозорҳо гашта, ҷавонон ва мардони то 60-солаи диндорро боздошт карда, ба шуъба мебаранд. Онҷо риши дастгиршудаҳоро иҷборан метарошанд ва онҳоро ба ҳамкорӣ бо "тундравони диниву ваҳҳобиҳо" айбдор мекунанд. "Онҳо мардони ришдорро ҷосусони турк меноманд. Читать дальше...
Бонки Осиёии Рушд дар гузориши тозаи худ гуфтааст, ки бахши тандурустии Тоҷикистон барои мубориза бо буҳроне, ки COVID-19 ба бор овард, ба қадри кофӣ омода набуд. Дар гузориши Бонки Осиёи Рушд, ки дар ҳошияи "Барномаи вокуниши сареъ ба COVID-19 ва ҳимояи бахши хароҷоти будҷаи давлат" дар поёни моҳи июни 2020 нашр шудааст, гуфта мешавад, "бахши тандурустии Тоҷикистон барои мубориза бо буҳрони фарогире мисли COVID-19 омода набуд". Дар тақвияити ин, бонк ба "Радабандии байналмилаии бехатарии саломатӣ" ишора мекунад... Читать дальше...