"Ин кушиши нави хомуш сохтани садои интиқодие дар қаламрави Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аст, ки барои демократияи мо муҳим аст", - гуфт Ингиёбрг Солрун Гисладоттир, раҳбари Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА дар шарҳи ҳукми фаъоли қазоқ Алнур Иляшев. Ӯ дар "Твиттер" аз кишварҳое, ки шомили САҲА ҳастанд, даъват кард, то "ҳуқуқи ҳомиёни ҳуқуқи инсонро ҳимоят кунанд ва ба ҳаққи ҳар як шаҳрванд эҳтиром бигузоранд". Созмони ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch ва ИМА низ айни ин даъватро аз ҳукумати Қазоқистон карданд. Читать дальше...
Ҳудуди 30 зан рӯзи 30 июн дар эътироз ба камбуди дору дар давраи ҳамагир шудани коронавирус дар назди бинои шаҳрдории Нурсултони Қазоқистон ҷамъ шуда, мулоқот бо шаҳрдорро талаб карданд. Яке аз занҳо бо номи Ойҷамол Сариева гуфт, натавонист ба шавҳараш, шахси дорои имконияти маҳдуд доруе харад, ки тасфашро поин барад. "Дорухонаҳои воқеъ дар кӯчаҳои Алмато ва Сауранро гаштам, вале одитарин доруҳои поинбарандаи тасф - "Паратсетамол" ва "Аспирин"-ро пайдо накардам. Мақомот хабари дурӯғ медиҳанд. Читать дальше...
Гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки Мақсуд Иброҳимов, муассиси созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон"-ро озод кунад ва барояш ҷуброн пардозад.