ИМА гуфт, ки бар зидди ҷангҷӯёне, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешаванд, барои ҳамлаҳои маргбори як рӯз пешашон болои нирӯҳои ғарбӣ дар Ироқ ҳамлаҳои мушакии ҷавобӣ анҷом дод. Низомиёни амрикоӣ рӯзи 12 март гуфтанд, ки дар саросари Ироқ ба захирагоҳҳои аслиҳаи ҷангҷӯёни ниманизомии шиамазҳаби Ҳизбуллоҳ “зарбаҳои дақиқ” заданд. Дар изҳорот омадааст, ки ҳамлаҳо “дифоӣ, мутаносиб ва посухгӯи мустақими ҳамлаҳое буданд, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ҷангҷӯёни шиамазҳаби мавриди ҳимояти Эрон” анҷом гирифтанд. Читать дальше...
Вазорати умури хориҷӣ дар як баёнияи расмии нодир, интиқоди Амрико аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро беасос номида ва онро як навъ мудохила ба умури дохилии кишвар хондааст.
Кишварҳои ҷаҳон барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси нав, ки дар ҳамаҷо сар мекашад, чораҳои сахте меандешанд, аммо вирус ҳамчунон аз инҷову худро нишон медиҳад.
Вазорати беҳдошти Қазоқистон гуфт, ки дар кишвар ду мавриди гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шудааст, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ аввалин мавриди сирояти вируси хатарнок дониста мешавад.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки барои эмин мондан аз сирояти вируси нав чӣ чораҳое барои эҳтиёт андешидаанд. Чунин посухҳоро гирифт. Худатон бубинед.
Узбекистон тасмим гирифтааст, ки то ду моҳи дигар канали бузурги Ҳисорро пок кунад. Ин канал соли 1942 мавриди истифода қарор гирифта, дастикам сӣ соли ахир аслан поккорӣ нашудааст.
Дар Эрон 75 нафари дигар бар асари сирояти вируси нав ҷон додаанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, вируси нав то кунун дар саросари Ҷумҳурии Исломӣ 429 нафарро куштааст.
Марги як донишҷӯи Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар он ду афсар ва ё омӯзгори ин донишкада муттаҳаманд, додгоҳӣ шуд.
Мавридҳои собитшуда дар кишварҳои ҷаҳон то рӯзи 13-уми март Инфорграфика ба забони англисӣ аст.
Дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар минтақаи Осиё/Уқёнус, ки рӯзҳои 3-11-уми март дар пойтахти Урдун-шаҳри Аммон доир гардид, ба муштзанҳо 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио супурда шуд. Тибқи низомнома дар ин мусобиқа миёни бонувон дар вазни то 51 кг шаш нафар, дар вазнҳои то 57, 60, 75 кг чорнафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои то 52, 57, 63 кг шашнафарӣ, дар вазнҳои то 69, 75, 81 кг панҷнафарӣ ва дар вазнҳои то 91... Читать дальше...
Оиша Муҳаммадова дар як деҳаи дурдасти Доғистон таваллуд шуда, бо вуҷуди расми мардсолории ҳоким дар ҷомеа, ҳеч гоҳ ҳамсар ва модари мутеъ набуд.
Бошгоҳҳои пешсафи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мусобиқаи бози Ҷоми Лигаи футболи Узбекистон-2020 ширкат меварзанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон иттилоъ додааст. Дар ин хабар омадааст, Ассотсиатсияи футболи Узбекистон ба ин мусобиқа аз Тоҷикистон дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва аз Қирғизистон бошгоҳҳои “Дордой” (Бишкек), “Олой” (Ӯш), “Абдиш-Ота” (Кант) ва “Каганат” (Ӯш)-ро даъват кардааст. “Чунин бозиҳо барои бошгоҳҳое... Читать дальше...
Чораҳои пешгирӣ аз сирояти вируси хатарноки КОВИД-19 дар остонаи ҷашни имсолаи Наврӯз ба фазои идона дар пойтахти Тоҷикистон таъсир гузоштааст.