Як подполковники тоҷикро дар робита ба латукӯби сарбозон дастгир кардаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел гуфт, Нузҳат Лазуриев, сардори комендатураи якуми “Ворух”, қисми низомии вобаста ба нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллист. Ин воҳиди ҳарбӣ масъулияти нигаҳбонии марз дар ҳудуди шаҳри Конибодом ва шаҳри Исфараи вилояти Суғдро дорад. Намояндагони Додситонӣ ӯро ба суистифодаи мақом ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ муттаҳам кардаанд. Ин банди қонун (моддаи 391... Читать дальше...
Фаъолон ва мухолифини тоҷик дар ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Вена ҳукумати Тоҷикистонро барои роҳ додани шиканҷа дар боздошту зиндонҳо, боздошту саркӯби фаъолону рӯзноманигорон ва нақзи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ танқид карданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон (Прокуратураи генералӣ) матни вокунишашро ба навори латукӯби сарбозон дар як қисми ҳарбӣ аз сомонааш “пок” кардааст.
Дар муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ба шаҳрвандони аз 15-сола боло курсҳои омӯзиши забони кореягӣ таъсис шудааст.
Акбарҷон Исмоилов, тоҷики зодаи Қазоқистон, муовини раиси Ассамблеяи халқҳои ин кишвар таъин шуд.
Додгоҳе дар Остона раиси собиқи КДАМ-и Қазоқистонро ба гуноҳи “хиёнат ба давлат” ва “кӯшиши ғасби қудрат” дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 ба 18 сол зиндон маҳкум кард. Дар ин бора матбуоти Қазоқистон хабар дод.
Қарор аст, Кумитаи маҳви табъиз дар Созмони Милал ба зудӣ назари худро дар бораи вазъи аққалиятҳо дар Тоҷикистон ва то куҷо ҳимоят шудани ҳуқуқи онҳо бигӯяд.