Бино ба иттилои созмони табибони Судон дар пайи даргириҳо дар Хартум, пойтахти ин кишвар дасти кам 56 ғайринизомӣ кушта шудааст. Гуфта мешавад, ки дар задухӯрдҳои байни низомиёни мухолифи ҳукумати кунунӣ ва артиш тақрибан 600 нафар маҷрӯҳ шуданд. Шумори низомиёни кушташуда маълум нест. “Нерӯҳои фаврии мададрасон” эълон кард, ки артиш ба пойгоҳҳои низомӣ дар шаҳри Хартум зарба задааст. Артиши Судон ин иддаоро рад кард. Ба гуфтаи сокинон дар пойтахт ва атрофи шаҳр садои тиру туп шунида мешавад. Читать дальше...
Додситонии вилояти Хатлон ҷузъиёти ҳукми Абдулҳаннон Усмонов, рӯҳонии 51-соларо шарҳ додааст. Исми ин домулло пас аз нашри навори монеъ шуданаш ба рақсу суруд дар тӯйи бародарзодааш расонаӣ шуд.
Пас аз чанд рӯзи хабарҳои зидду нақиз дар робита ба марги Акмал Амирӣ, Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кард, ки ин фармондеҳ кушта шудааст. Бо нашри як эъломия рӯзи 16 уми апрел, Ҷабҳаи озодии Афғонистон гуфт, Акмал Амирӣ дар набарде дар ноҳияи Соланги ҷанубӣ ба ҳалокат расидааст. Ҷабҳа, Толибонро ба беэҳтиромӣ нисбати ҷасадҳо ва гаравгонгирии ҷанозаҳо муттаҳам кардааст. Дар эъломияи тозанашри ҷабҳаи озодии Афғонистон таъкид шудааст, ки “Толибон монеи иҷрои маросим ва маносики мазҳабии ба хоксупории... Читать дальше...
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон акс ва исми 15 ронандаеро нашр кард, ки дар шаҳри Хоруғ, ба қавли мақомот, қоидаи роҳро вайрон карда, ба ҳаракати нақлиёт аз ҷумла, мошинҳои боркаше, ки роҳи байналмилаллии Душанбе -Хоруғ-Қулмаро убур мекунанд, мушкил эҷод кардаанд. Ба гуфтаи мақомот ронандаҳо аксарият сокинони шаҳри Хоруғ буда, барои таваққуфи нодурусти мошин ва риоя накардани аломатҳои роҳ ба дурбини “Шаҳри бехатар” ва феҳрасти ронандаҳои “қоидашикан” афтидаанд. Вазорати корҳои дохила бо нашри хабарномае... Читать дальше...
Магар Ленин набуд, ки тоҷиконро аз ҷумлаи мардуми таҳҷоии Осиёи Миёна ҳисоб намекард?! Дар Қонуни Асосии Ҷумҳурии Мухтори Бухоро, ки дар айёми зинда будани Ленин ташкил шуд, низ ному нишоне аз тоҷикон набуд!
Дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба артиш идома дорад. Бархе аз донишҷӯёни соли охири донишгоҳҳо мегӯянд, аз онҳо хостаанд, пеш аз муҳлат донишгоҳро хатм карда, ба артиш раванд. Ба баъзе аз онҳо ваъда додаанд, ки дар сурати пайвастан ба артиш барояшон дар имтиҳонҳои хатм кӯмак мекунанд.
Дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба артиш идома дорад. Баъзе аз донишҷӯёни соли охири донишгоҳҳо мегӯянд, аз онҳо хостаанд, пеш аз муҳлат донишгоҳро хатм карда, ба артиш раванд. Ин чӣ гуна мешавад? Радиои Озодӣ посухи суолро аз ҳуқуқдон Дилрабо Самадова пурсид. Видеоро бинед.