Бо наздиктар омадани фасли гармо дар Тоҷикистон иддае аз мардум барои сайру саёҳат чӣ дар дохил ва ё хориҷ омодагӣ мегиранд. Сокинони Душанбе ба куҳу манотиқи дидании куҳистон мераванд ва иддае ҳам ба Туркияву Дубаю агар сарватмандар бошанд, ба Аврупову дуртар аз он ҳам.
Бо наздиктар омадани фасли гармо дар Тоҷикистон иддае аз мардум барои сайру саёҳат омодагӣ мегиранд. Бо назардошти ин хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсид, ки дар зиндагӣ аз миёни се чиз кадомеро интихоб мекунанд: “Ишқу муҳаббат, сайру саёҳат ва ё пул”.
Берит Линдеман, дабири кулли Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, як созмони ҳомии ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро барои фишор ба хабарнигорони тоҷик Анора Саркорова ва Рустами Ҷонӣ танқид кардааст. Ӯ дар як баёнияе, ки рӯзи 14-уми апрелд дар вебсайти расмии ин созмон нашр шудааст, гуфтааст: ”Фишор ба оилаҳои Саркорова ва Ҷониев, яке дигар аз ҳамлаҳо ба озодии баён ва журнализм дар Тоҷикистон аст.” Берит Линденман афзудааст: “Вақте режимҳои худкома ҳеч сазое барои помоли ҳуқуқи инсон намегиранд, ҳамингуна ҳодисаҳо иттифоқ меафтанд. Читать дальше...
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия Қонун дар бораи даъватномаҳои ҳарбии электрониро ба имзо расонд, ки шеваи наву осонтар кардани даъвати ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳро дар назар дорад.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, як сокини 31-солаи шаҳри Душанберо барои кандани рутбаи як афсари милиса ва зӯроварӣ нисбат ба ӯ ба ду соли зиндон маҳкум кардааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар нашрияи расмии худ аз рӯзи 13-уми апрел хабар додааст, ки Муродалӣ Қурбонов барои он ба зиндон маҳкум шуд, ки «дар назди сокинон шаъну шарафи нозири минтақавии милитсия С. Худойдодовро паст зада, нисбаташ дашномҳои қабеҳ ва зӯроварӣ нишон дода, рутбаи куртаи низомии номбурдаро меканад.» Моҷаро баъди он рух додааст... Читать дальше...
"Афсӯс бар мо! Афсӯс бар мо!.. Мо, мардум, ҳама вақт дар фикри хиёнат намудан ба бародарони худ буда, ҳуқуқи якдигарро ғасб ва тасарруф мекунем. Кори мо тақаллуб ва дурӯғу фиреб аст… Оҳ, агар аз паси имрӯз бувад фардое!"
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта дар вилояти Суғд ҷиноятҳои сангин ба мисли ифротгароӣ ва дорои унсурҳои терроризм 17.5 дар сад афзудааст.
Сиддиқа Васмақӣ, яке аз пажуҳишгарони маъруфи дин дар Эрон, раҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва қонуни ҳиҷоби маҷбуриро танқид кардааст.
Ба 6 сол зиндон маҳкум шудани домулло Абдулҳаннон Маннонов, ки бо дашному ҳақорат тӯи бародарзодаашро вайрон кард, баҳсро дар бораи рафтори ӯ барангехт. Гапи Озод дар бораи рафтори домулло аст ва меҳмонони барнома Фаридун Ҳодизода, таҳлилгар ва Амруллоҳи Низом, хабарнигори муқими Аврупо.
Ба шаш сол зиндон маҳкум шудани домулло Абдулҳаннон Маннонов, ки бо дашному ҳақорат ҷашни арӯсии бародарзодаашро вайрон кард, дигарбора баҳсро дар бораи рафтори ӯ ва ҳукмаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба по кард.