Заминҷунбиро дар Қирғизистону Узбекистон ҳам эҳсос кардаанд. Сомонаи "Газета.уз" бо такя ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон гуфт, маркази зилзила дар Тоҷикистон ва дар ҳудуди вилояти Суғд будааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳанӯз шарҳе надод.
Заминларзаи шаби 21-уми март боис ба ҳалокати камаш 13 нафар дар Афғонистону Покистон ва захмӣ шудани даҳҳо нафари дигар шуд. Дар Тоҷикистон одамон хонаҳоро тарк карда, чанд соат дар берун монданд. Вокуниши мардум баҳсро дар атрофи заминларза доғ кард. Чӣ гуна?
Вазорати корҳои хориҷии Амрико 20-уми март гузориши солонаи худро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Узбекистон нашр кард.
Муҳоҷирони афғонистонӣ ҷашни Наврӯзро дар шаҳри Душанбе таҷлил карданд.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико Тоҷикистонро давлати худкомае номид, ки "аз соли 1992 ба ин сӯ дар дасти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдоронаш аст". Шарҳи ин ва бахшҳои дигари гузоришро дар видео бинед.
Зилзилаи нерӯманди 21-уми март ба Тоҷикистон ҳам зиёни молӣ расонд, дар арафаи моҳи Рамазон нархи ғизо дар бозорҳои Хатлон боло рафтааст, гузориши солонаи департаменти давлатии ИМА дар бораи Тоҷикистон ва матолиби дигар.
Сафири нави Амрико дар Душанбе бо нашри паёми видеоӣ фарорасии моҳи Рамазонро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфтааст.
Заминларзаи шаби 21-уми март боис ба ҳалокати камаш 13 нафар дар Афғонистону Покистон ва захмӣ шудани даҳҳо нафари дигар шуд. Дар Тоҷикистон одамон хонаҳоро тарк карда, чанд соат дар берун монданд. Вокуниши мардум баҳсро дар атрофи заминларза доғ кард. Чӣ гуна?
Вакилони Конгресси Амрико сарнавишти шабакаи "ТикТок"-ро муҳокима мекунанд.
Дар арафаи моҳи Рамазон дар бозорҳои вилояти Хатлон арзиши баъзе маҳсулот боло рафтааст. Тафсилот дар навор
Порлумони Уганда лоиҳаи қонунро дар бораи ҷорӣ кардани ҳукми қатл барои ҳамҷинсгароӣ пазируфт.
Вай тайи сафари серӯза бо Владимир Путин, президенти Русия, бастае аз санадҳои "Ҳамкории стратегӣ"-ро байни Пекин ва Маскав ба имзо расонд.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 20-уми март гузориши солонаи худро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Қазоқистон нашр кард.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико гузориши солонаи худро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон рӯзи 20-уми март нашр кард.
Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Даммоми Арабистони Саудӣ аввалин бозии санҷишӣ анҷом дод.
Рӯзноманигор аз шаҳри Алмато Думан Муҳаммадкарим, ки норозигии худро ба натиҷаҳои интихоботи пешазмуҳлати порлумонии Қазоқистон баён кард, 25 шабонарӯз ҳабс шуд.
Ду афсари марзбон ва як маъмури Хадамоти гумрук дар Фурудгоҳи Байнулмиаллии Душанбе ба гумони ришвагирӣ дастгир шудаанд. Пештар чанд шаҳрванди Тоҷикистон ва хориҷӣ аз фасодкорӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳо шикоят доштанд, аммо мақомот на ҳамеша ин мавридҳоро тасдиқ мекарданд.
Муовини пешини сарвазири Қирғизистон Дуйшенбек Зилалиев то 15-уми майи соли 2023 ба ҳабс гирифта шуд.
Президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи 20-уми март қонунеро имзо кард, ки аз ниҳодҳои иктишофии ин кишвар талаб мекунад, то маълумотро дар бораи пайдоиши коронавирус ё COVID-19, аз ҷумла иртиботи эҳтимолии он бо озмоишгоҳи шаҳри Вуҳани Чинро ҳарчи бештар ошкор кунанд.
Мусобиқаи чоруми байналмилалӣ оид ба гуштии миллӣ (гуштигирӣ) байни мардон барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир гардид.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) 21-уми март сокинони ин кишварро ба ҷашни Наврӯз табрик гуфт.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, субҳи чоршанбеи 22-юми март барои баргузор кардани бозии дӯстона бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Араб, ки 25-уми март баргузор мешавад, ба Абузабӣ сафар кард.
Бар асари зилзилаи шаби 21-уми март, камаш 11 нафар дар Покистон ва Афғонистон ҷон бохта, даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Ин зилзила дар Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Ҳинд низ эҳсос шуд.