Гурӯҳе аз ронандагони тоҷик дар Аврупо бо як ширкати литвонӣ вориди баҳс шудаанд. Онҳо мегӯянд, ширкати "Avima" дар Литва давоми тақрибан як сол бо ҳар баҳона аз маоши онҳо аз 200 то 300-евроӣ гирифт. Намояндаи ширкат гуфт, аз маоши муҳоҷирони тоҷик барои хароб кардани мошинҳо кам карданд.
Дар ҳамлаи мушакии Русия ба Запорожйе як бинои истиқоматӣ вайрон ва дастикам 3 кас куштаву 6 нафар захмӣ шудаанд.
Мегӯяд, то ин дам дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон, боздошту зиндонӣ шудани ҳомиёни ҳуқуқ ва масоили дигари вобаста ба Тоҷикистон гап задааст.
Шойирбек Тошиев, вакили порлумони Қирғизистон, рӯзи 2-юми март дар ҷаласаи порлумонӣ пешниҳод кард, ки истифодаи сигори электронӣ дар он кишвар манъ шавад.
Баҳси гурӯҳе аз ронандаҳои тоҷик дар Литва бо як ширкати боркашонӣ ба сари маош чанд моҳ боз идома дорад. Муҳоҷирони тоҷик алайҳи ширкат ба Иттифоқи касабаи ин кишвар шикоят кардаанд. Ширкат, баръакс, аз кори муҳоҷирони тоҷик норозист. Даъвои ду тараф дар ин гузориши видеоӣ ҳаст. Бинед.
Дар Лаҳистон (Полша) ба дархости паноҳандагии як фаъоли зодаи Тоҷикистон посухи рад додаанд. Саиданвар Сулаймонови 24-сола рӯзи 2-юми март гуфт, аз он хавф дорад, ки ба Тоҷикистон ронда ва барои андешаҳояш дар онҷо муҷозот хоҳад шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин замина шарҳе надодааст.
Соҳибкорони Тоҷикистону Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ суҳбат карданд. Бахши асосии нишаст таъриф аз додугирифт буд. Дар бораи таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ҳарфе садо надод. Соли гузашта Амрико Тоҷикистонро ба рӯйхати давлатҳое дохил кард, ки эҳтимол ба давр задани таҳримҳо ба Русия мадад кунанд.
Сафари сарвазири Русия ба Тоҷикистон; ҳукми ихроҷи тоҷике дар Полша; мушкили ронандагони тоҷикистонӣ дар Литва ва талоши ҷавони тоҷик барои нашри китобҳои тоҷикии электронӣ ба алифбои кириллӣ.
Шахсони ношинос рӯзи 1-уми март дар шаҳри Алматои Қазоқистон ба Берик Ҳамидуллин, намояндаи Ҳизби сабтношудаи демократӣ ҳамла карданд.
Додситон рӯзи 27-уми феврал ба иштирокдорони тазоҳурот дар Нуқус, маркази Қароқалпоқистон, аз 5 то 12 сол зиндон талаб кард. Дар Додгоҳи олии Узбекистон гуфтанд, дар доираи парвандаи нав 39 кас муҳокима мешавад.
Таътили баҳории хонандагон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон 5 рӯз кам карда мешавад.
Михаил Мишустин, нахуствазир ва раиси ҳукумати Русия, пас аз зуҳри 2-юми март вориди Душанбе шуд.
Тоҷикон Сталинро барои бераҳмиҳояш нисбат ба пешвоёни саркӯбшудаи худ, ки бештарашон то охирин нафас сталингаро моданд, бахшиданд.
Соҳибкорони бозорҳои "Дордой-Дийкан", "Дордой-моторс", "Азиз" ва "Бозори Ӯш" дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 2-юми март ба зидди тартиби нави андозбандӣ эътироз карданд.
Муовини вазири рушди рақамӣ, навоварӣ ва саноати кайҳонии Қазоқистон Малик Олжабеков гуфт, таҳримҳое, ки Ғарб ба зидди Маскав эълон кардааст, ба ширкати муштараки ин кишвар бо Русия - "Байтерек" таҳдид намекунанд.
Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон қонунро “Дар бораи истифодаи маҳсулоти тамоку” ислоҳ кард.
Дар соли 2010 ду нимпайкараи Саидалӣ Вализода, шоири маъруфи тоҷикро сохта буданд. Яке барои Кӯлоб, дигаре барои зодгоҳаш – Ховалинг.
Дар соли 2010 ду нимпайкараи Саидалӣ Вализода, шоири маъруфи тоҷикро сохта буданд. Яке барои Кӯлоб, дигаре барои зодгоҳаш – Ховалинг. Аммо пас аз 13 сол нимпайкараи шоир аз зодгоҳаш гум шуд.
1-уми март дар Узбекистон марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 шуруъ шуд, ки бо иштироки 16 дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-сола то рӯзи 18-уми март идома хоҳад кард.
Созмондиҳандаи Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод дар Қирғизистон Мамбетжунус Абилов 1-уми март дубора аз бемористон ба боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Бишкек интиқол дода шудааст.
Мудири Идораи таҳқиқоти федеролии Амрико (FBI) рӯзи 28-уми феврал гуфт, таҳқиқоти ин ниҳод нишон медиҳад, ки ба эҳтимоли бисёр ҳам зиёд вируси COVID-19 як озмоишгоҳ дар шаҳри Вуҳани Чин ба берун сироят кардааст.
Фаъолони ҳифзи муҳити зист дар Қазоқистон талаб доранд, ба лоиҳаи сохтмони неругоҳи ҳастаӣ, ки мақомот мехоҳанд, дар деҳаи Улкени вилояти Алмато бунёд кунанд, моратория эълом шавад. Фаъолони Анҷумани "Экофоруми Қазоқистон", ки беш аз 40 созмони ғайридавлатиро дар саросари кишвар муттаҳид мекунад, талаб доранд, баррасии қарорҳо дар бораи сохтмони неругоҳҳои ҳастаӣ бо иштироки ҷомеа сурат гирад. "Дар вохӯрӣ бо вазири экология, геология ва захираҳои табиӣ ин масъаларо матраҳ кардам ва гуфтам, он... Читать дальше...
Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи чоршанбе баъд аз сафари худ ба Узбекистон барои иштирок дар саммити "G20" озими Ҳинд шуд.