Ду афсари марзбон ва як маъмури Хадамоти гумрук дар Фурудгоҳи Байнулмиаллии Душанбе ба гумони ришвагирӣ дастгир шудаанд. Пештар чанд шаҳрванди Тоҷикистон ва хориҷӣ аз фасодкорӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳо шикоят доштанд, аммо мақомот на ҳамеша ин мавридҳоро тасдиқ мекарданд.