Добавить новость
World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Декабрь
2021

Новости за 21.12.2021

Ozodi.org 

“Шаби ялдо”, ҷашне, ки ҳамеша душман дошт, фаро расид. ВИДЕО

Нуҷумшиносони тоҷик мегӯянд, ки “Шаби ялдо” соати нӯҳи шаби 22-уми декабр фаро мерасад. Шаби 21-ум ба 22-уми декабр дарозтарин шаби сол аст, ки онро дар гузашта тоҷикон ҳамчун “Шаби ялдо” ё “Шаби чилла” ҷашн мегирифтанд.

Ozodi.org 

“Шаби ялдо”, ҷашне, ки ҳамеша душман дошт, фаро расид

Нуҷумшиносони тоҷик мегӯянд, “Шаби ялдо” соати нӯҳи шаби 21-уми декабр ба вақти Тоҷикистон фаро расид. Шаби 21-ум ба 22-уми декабр дарозтарин шаби сол аст, ки онро дар гузашта тоҷикон ҳамчун “Шаби ялдо” ё “Шаби чилла” ҷашн мегирифтанд.

Ozodi.org 

Роҳбари СҶТ: Бекорсозии ҷашн беҳтар аст назар ба ин, ки ҳаётро аз даст диҳем

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба бозбинии таҷлил аз ҷашнҳои солинавӣ даъват кард, то ин ки ба ин тартиб аз паҳншавии навъи "омикрон"-и коронавирус пешгирӣ шавад. "Бекорсозии ҷашн беҳтар аст назар ба ин ки ҳаётро аз даст диҳем", - гуфт Тедрос Гебрейесус, раиси (СҶТ) дар як нишасти хабарӣ дар Женева. Вай ҳамчунин илова кард, ки навъи нави коронавирус нисбат ба навъҳои пешин бо суръаттар паҳн мешавад ва ба афроди ваксинагирифта низ сироят мекунад. Навъи "омикрон"-и коронавирус охири моҳи ноябр дар Африқои Ҷанубӣ ошкор шуд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Ба сокинони Фарғона дар ивази лоғаршавӣ ваъдаи кӯмаки моддӣ карданд

Раиси вилояти Фарғонаи Узбекистон Хайрулло Бозоров рӯзи 20-уми декабр озмоишеро барои лоғаршавии сокинони вилоят эълом кард. Бозоров бо такя ба омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки 50-55% бемориҳо дар саросари дунё ба далели вазни барзиёд, ғизои носолим ва камҳаракатӣ сар мезананд. "Дар кишвари мо эҳтимол ин нишондод то ба 80 дарсад бирасад. Бемориҳо аз сабаби тарзи носолими ҳаёт пайдо мешаванд", - хабар дод Бозоров. Вай гуфт, сокиноне, ки вазни барзиёд доранд, дар сурати давоми сол 5 кило ва ё бештар аз он лоғар шаванд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров бо "Персеполис" қарордоди сесола бастанд

Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров, ду футболбози шинохтаи тоҷик барои се сол бо дастаи "Персеполис"-и Теҳрон қарордод имзо карданд. Ин ду футболбози тоҷик беш аз якуним моҳ дар Теҳрон иқомат мекарданд ва бинобар баста будани равзанаи нақлу интиқолоти "Персеполис", дар бесарнавиштӣ ба сар мебурданд.




Ozodi.org 

Дар Хуҷанд равуои автобусҳои байнишаҳрӣ барқарор шуд

Дар шаҳри Хуҷанд равуои автобусҳои байнишаҳрӣ барқарор шудааст. Ҳафтаи гузашта бинобар мушикилоти сӯзишворӣ ҳаракати ин навъи нақлиёти ҷамъиятӣ қатъ шуда буд. Раҳбари корхонаи воҳиди давлтаии "Нақлиёти мусофиркашон" - и Хуҷанд гуфтааст, айни ҳол тақрибан 30 адад автобус дар хатсайрҳои шаҳрӣ ва байнишаҳрӣ барои мусофирон хизмат мерасонад ва шурӯъ аз ҳафтаи ҷорӣ ба 50 адад расонида мешавад. Масъулони ин корхона қаблан гуфта буданд, ки баланд шудани нархи маводи сухт ба фаъолияти мусофиркашонӣ дар шаҳри Хуҷанд таъсири манфӣ расонда... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар 11 моҳ 175 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба ватан баргаштаанд

Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 175 ҳазор тоҷикистониён тавассути хатсайрҳои чартерӣ ва мунтазам ба ватан баргаштаанд. Аз ин миён беш аз 132 ҳазор нафари онҳо аз Русия омадаанд. Имомназар Имомзода, сардори Хадамоти муҳоҷират бо овардани ин омор гуфтааст, аз байни бозгаштаҳо беш аз даҳуним ҳазор нафарашон бо хатми давраҳои омӯзишӣ, асосан ба ҳайси дуредгар, кафшерчӣ, андовачӣ ва дузанда ба кор даромадаанд. Дар маҷмӯъ, дар ин муддат ба Хадамоти муҳоҷират 38 ҳазору 662 нафар муроҷиат кардаанд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон: "Тоҷикистон ҳаргиз ба умури дохилии ҳамсояҳо дахолат намекунад"

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми декабр дар паёми солонаи худ ба порлумон, ба вазъи Афғонистон ишора кард ва гуфт, ки Тоҷикистон ҳаргиз ба масъалаҳои дохилии кишварҳои ҳамсояи худ мудохила намекунад. Вай гуфт, ки кишвараш хостори ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон мебошад, ки намояндагони ҳамаи қавмҳо дар он шомил бошанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёми худ афзуд, ки кишвараш омодаи расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ин ҳамсоякишвараш мебошад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин замина ба созмонҳои байналмилалии... Читать дальше...

Ozodi.org 

Президент гуфт, дар бемористонҳои Тоҷикистон мутахассис намерасад

Президенти Тоҷикистон гуфт, ки дар 30 соли ахир 187 ҳазор мутахассиси соҳаи тиб омода шудааст, аммо имрӯз дар муассисаҳои тандурустии кишвар мутахассис намерасад. Вай ҳамчунин аз хизматчиёни давлатӣ интиқод кард, ки барои табобат ба хориҷ мераванд ва ба мутахассисони дохилӣ эътимод надоранд.  Муҳоҷирати табибон ба хориҷ тақрибан баробар бо муҳоҷирати кории шаҳрвандони дигар шурӯъ шуд ва ҳоло низ идома дорад. Коршиносони умури тиб мегӯянд, хуруҷи бахши бузурги табибон соҳаи беҳдоштро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз низоми бонкии Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз низоми бонкӣ дар кишвар интиқод кард ва гуфт, ҳоло ҳам дар пешниҳоди қарзҳои дарозмуддату дастрас мушкилиҳои зиёд вуҷуд дорад. Ӯ аз масъулини Бонки миллӣ ва "Амонатбонк" хост, ки ин мушкилро ҳал кунад. Оқои Раҳмон ҳамчунин аз масъулин хост, "сабукиҳои дар Кодекси андоз пешбинишуда"-ро ба мардум фаҳмонанд, зеро ба гуфтаи ӯ, на ҳама соҳибкорон аз имтиёҳо бохабар аст, андоз аз 10 то 7 номгуй кам шудаанд, меёъри чанде аз онҳо кам шудааст". Моҳи ноябри имсол дар Тоҷикистон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Эмомалӣ Раҳмон: "Аъзои ҳукумат сараш дард кунад, ба хориҷа мераванд"

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр дар паёми солонаи худ ба порлумон, аз афзоиши ҳаҷми маоши кормандони соҳаи гуногун хабар дод. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфт, ки аз сар аз январи соли оянда музди меҳнати низомиёни тоҷик 25 дарсад боло бурда мешавад.

Ozodi.org 

АЖРВТ даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистонро дар соли 2021 эълон кард

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини солро муайян кард. Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов, бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони панҷ намуд - ҷудо ва бокс (сенафарӣ), самбо (2 кас), гуштини озод ва таэквондо ВТФ (якнафарӣ) - дохил шуданд. Рӯйхати даҳгонаи беҳтарин варзишгарони сол: Темур РАҲИМОВ (ҷудо) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни +100 кг дар Бишкеки Қирғизистон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Аскар Оқоев баъди бозпурсӣ дар доираи "парвандаи Қумтор" ба Москва баргашт

Президенти пешини Қирғизистон Аскар Оқоев баъди бозпурсӣ дар доираи парвандаи кони тилои "Қумтор" дубора ба шаҳри Москва баргашт. Ба гуфтаи ҷонибдори Оқоев - Бекболот Талгарбеков, тафтишот зидди президенти пешини Қирғизистон қатъ гаштааст. "Зидди Оқоев парванда боз нашуда буд. Танҳо тафтишот идома дошт. Дар рафти он маълум шуд, ки ӯ аз кони "Қумтор" як тийин нагирифтааст ва бо ширкати "Сентерра" ҳеч иртиботе ҳам надорад. Бозпурсӣ асосан роҷеъ ба созишномаи соли 2003 буд. Оқоев аз мардум узр пурсид... Читать дальше...

Ozodi.org 

Бар асари таркиши балони газ дар Узбекистон 10 кас осеб дидааст

Рӯзи 9-уми декабр дар натиҷаи таркиши газ дар ошхонаи "Лаззат" дар ноҳияи Оқдарёи вилояти Самарқанди Узбекистон 10 кас осеб дидааст. Ба огаҳии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон, дар ошхонаи "Лаззат" ду балони газ вуҷуд дошта, якеаш таркидааст. Ҳангоми таркиш дар дохили ошхона муштариён қарор доштаанд. Дар натиҷаи таркиш сақф ва мебели ошпазхона, ки ҳудуди 40 метри мураббаъ масоҳат дорад, оташ гирифтааст. Дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.

Ozodi.org 

Президенти пешини Украина дар хиёнат ба давлат айбдор шуд

Президенти пешини Украина Пётр Порошенко дар хиёнат ба давлат ва мусоидат ба терроризм гумонбар дониста шуд. Зидди ӯ бо гумони хариди ангишт аз ҷудоихоҳони рӯ ба Русия дар Донбасс парванда боз кардаанд. Хабаргузории УНИАН танҳо дар бораи парвандаи хиёнат ба давлати Порошенко иттилоъ дода, дар аввал ба котиби пешини Шӯрои амнияти Украина Александр Турчинов истинод мекард. Ҳоло хабаргузорӣ ба ҷои Турчинов "як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ" навиштааст. Худи Порошенко дар хориҷ аз Украина қарор дошта... Читать дальше...

Ozodi.org 

Гапи Озод: "Чӣ бояд кард, то "облава" аз байн биравад?"ВИДЕО

Мавсими тирамоҳии ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ба поён расид, вале вазорати мудофиа гуфт, ки бар асоси Қонун "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ", ки моҳи январ нусхаи ислоҳшудаи он қабул шуд, даъват ба комиссариатҳои ҳарбӣ дар тамоми сол идома мекунад.

Ozodi.org 

Гапи озод: Чӣ кор бояд кард, то "облава" аз байн биравад?

Дар барномаи имрӯза ду ҳомии ҳуқуқи сарбозон ва волидони онҳо дар бораи даъват ба сафи артиши Тоҷикистон, истифода аз шеваҳои ғайриқонунӣ ва роҳҳои аз байн бурдани бадрафторӣ дар воҳидҳои низомӣ суҳбат мекунанд.


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus