Президент гуфт, дар бемористонҳои Тоҷикистон мутахассис намерасад
Муҳоҷирати табибон ба хориҷ тақрибан баробар бо муҳоҷирати кории шаҳрвандони дигар шурӯъ шуд ва ҳоло низ идома дорад. Коршиносони умури тиб мегӯянд, хуруҷи бахши бузурги табибон соҳаи беҳдоштро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирати табибон омори дақиқа надоранд. Аммо гуфта мешавад, ки ҳазорон табиби ҳирфаӣ берун аз кишвар фаъолият доранд.