Як зани сокини Кӯлоб, ки бо чор фарзандаш зиндагии сахтеро пушти сар мекунад, ҳамрӯза суроғи маросимҳои хурсандии сокинон мегардад.
Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, ки тоза ба ин мақом интихоб шуд, бо Лаҳистон (Полша) бӯҳрони муҳоҷират аз самти Белорусро муҳокима хоҳанд кард. Ӯ рӯзи 12-уми декабр ба Лаҳистон сафар кард ва қарор аст, бо мақомоти ин кишвар дар мавзуи Русияву Украина ва вуруди паноҳҷӯён аз хоки Беларус ба Авурпоро баҳс кунад. Олмон аз талошҳои Лаҳистон барои ҷилавгирӣ аз убури даҳҳо ҳазор муҳоҷире, ки дар роҳи Белорус мехоҳанд марзро убур кунанд, пуштибонӣ мекунад. Ин бӯҳрон, ба қавли мақомоти Иттиҳоди Аврупо... Читать дальше...
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр паёми солонаи худро ироа хоҳад кард. Охири ҳар сол Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ду палатаи порлумони Тоҷикистон ширкат мекунад ва дар бораи фаъолиятҳои гузашта ва ояндаи ҳукумат суҳбат мекунад. Хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 12-уми декабр хабар додааст, ки президент “дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” паём ироа хоҳад кард. Маъмулан, президенти Тоҷикистон дар паёми... Читать дальше...
Вазирони кишварҳои "Гурӯҳи ҳафтгона" наздик шудани низомиёни Русия дар марзҳои Украинаро баҳс карданд. Анналена Бербок, вазири корҳои хориҷии Олмон гуфт, ки ба хотири коҳиши таниш бояд Украинаву Русия бо ҳам гуфтугӯ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло зарурати гуфтугӯ дар “Формати нормандӣ”, ки Русия, Украина, Олмон ва Фаронса дар он шомиланд, пеш омадааст. Аз ин пеш, ин мақомдори Олмон бо Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Украина мавзуи агрессияи Русия дар нисбат ба Украинаро баҳс карданд. ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ бар ин назаранд... Читать дальше...
Хешовандони шаш сокини ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, ки бо иттиҳоми дуздии ангишт боздошт шудаанд, аз сарнавишти номаълуми онҳо нигаронанд.
Бештар аз 40 ҳазор нафар дар Вена, пойтахти Австрия алайҳи ваксингирии маҷбурӣ ва дигар маҳдудиятҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши гирифторони КОВИД-19 эътироз карданд. Эътироз дар дигар шаҳрҳои ин кишвар низ баргузор шуд. Эътирозгарон ваксингирии маҷбуриро, ки аз моҳи феврали соли оянда ҷорӣ хоҳад шуд, хилофи арзишҳои инсонӣ унвон карданд. Онҳо аз он норизоянд, ки маҳдудиятҳо нисбат ба афроде, ки ваксина нагирифтаанд, сахттар шудааст. Дар Австрия сар аз 22-уми ноябр пас аз афзоиши гирифторони коронавирус маҳдудяит ҷорӣ карданд. Читать дальше...
Нишасти дурӯза бо ибтикори ИМА дар мавзуи "Саммит барои демократия" поён ёфт. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, намояндагони 110 кишвари оламро ба мулоқоти маҷозӣ ё онлайнии сатҳи олӣ даъват карда буд. Чин, Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин нишаст даъват нашуда буданд Ин нишаст рӯзҳои 9-10-уми декабр бо иштироки раҳбарони давлатҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиву бахши хусусӣ баргузор шуд. Ҷо Байден, президенти ИМА дар ин нишаст гуфт, ки "демократия марз намешиносад". Ӯ гуфт... Читать дальше...
Миҷгона Самадова, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни мардону занони аз 19 то 40-сола медали тилло ба даст овард.
Вазорати хориҷаи Эрон хабар додааст, ки дар ду моҳи ахир ҳаҷми додугирифт бо Тоҷикистон аз 60 то ба 180 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Дуруд ҳаммеҳани азизам! Ҳатман хабари аз вазифа рафтани Ангела Меркел, садри аъзами Олмонро дида, ё шунидаӣ. Ҳатто агар надида бошӣ, ишколе надорад, чун он чӣ мехоҳам, бо ту дар миён бигзорам, сирфан дар бораи худоҳофизии як сиёсатмадор нест. Он чӣ маро водор карда, то дубора бо ту сари суҳбатро боз кунам, нақшест, ки як сиёсатмадор тавониста на танҳо дар кишвари худ, балки дар арсаи байналмилал ифо кунад. “Бузургтарин сармояи як сиёсатмадор эътимоди мардумаш аст. Аз мардуми Олмон ба хотири эътимоде... Читать дальше...