Нишасти дурӯза бо ибтикори ИМА дар мавзуи "Саммит барои демократия" поён ёфт.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, намояндагони 110 кишвари оламро ба мулоқоти маҷозӣ ё онлайнии сатҳи олӣ даъват карда буд. Чин, Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин нишаст даъват нашуда буданд
Ин нишаст рӯзҳои 9-10-уми декабр бо иштироки раҳбарони давлатҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиву бахши хусусӣ баргузор шуд.
Ҷо Байден, президенти ИМА дар ин нишаст гуфт, ки "демократия марз намешиносад". Ӯ гуфт, дар кишварҳое, ки ба арзишҳои демократия арҷ намегузоранд, бархурд дигар хоҳад шуд. Президенти Амрико гуфт, ба раҳбарони кишварҳое, ки имкон медиҳанд, мардумашон озодона нафас бикашанд ва садои озодихоҳиро хомӯш намекунанд, кӯмак мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло замони шикастани режимҳои диктаторӣ фаро расидааст.
Чин ва Русия ин нишастро танқид карданд ва гуфтанд, ки бо ҷудо кардани кишварҳои олам ба ду гурӯҳ ИМА дар ҷаҳон нифоқ меангезад.