Добавить новость
World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Март
2018

Новости за 13.03.2018

Ozodi.org 

"Ба парвози ҳавопаймоҳо иҷозат диҳед" – Зарбулаҷали Русия ба Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Русия аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон талаб кард, ки ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Уралские авиалинии” иҷозат диҳад, вагарна аз чораҳои ҳамсон нисбат ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон кор мегирад.

Ozodi.org 

"Бо тақдири одамон бозӣ накунед". ВИДЕО

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон аз пешниҳоди раиси ҷумҳур барои ҷиддан риоя шудани ҳаққи боздоштшудаҳо дар ҷараёни тафтишоти ибтидоӣ ва баррасии парвандаҳо дар чаҳорчӯби қонуну адолат ҳимоят карданд.

Ozodi.org 

Агар худат арӯс интихоб кунӣ, хушбахт мешавӣ

Ба фикри шумо кадом оила хушбахт аст, серпулу сарватманд, ё камбизоату вафодор. Хабарнигори Радиои Озодӣ бо ин суол, ки кадом оиларо хушбахт мешуморед, ба раҳгузарони ҷавону пир муроҷиат кард.

Ozodi.org 

Гул Шералӣ: “Писару домодамро беасос ҳабс карданд. Ин қасдгирӣ аст, чӣ бало аст?” САДО

Гул Шералӣ, вазири собиқи энергетика ва саноати Тоҷикистон, ба боздошт ва ҳабси писару домодаш вокуниш кард. Ӯ рӯзи 13-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳамагуна айб алайҳи писару домодашро бепоя хонд ва гуфт, “онҳо бар ивази некӣ бадӣ дидаанд”.

Ozodi.org 

Муноқиша дар "Галакси". Ҳабси писар ва домоди Гул Шералӣ

Диловар Гулов, писари 22-солаи Гул Шералӣ, вазири собиқи энергетика ва саноати Тоҷикистон, ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудааст. Раёсати умури дохилии пойтахт рӯзи 13-уми март дар як иттилоияи расмӣ Гулов ва 12 нафари дигар, аз ҷумла Саидакрам Давлатшоев, ронандаи Гул Шералиро ба майдаавбошӣ муттаҳам намуд.

Ozodi.org 

Муҳсин Муҳаммадиев: "Бозии хеле мушкил дар пеш аст"

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, бозии дувумашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) - 2018 рӯзи 14-уми март муқобили тими «Алтин Асири»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, баргузор мекунад.




Ozodi.org 

Трамп вазири умури хориҷии ИМА Тиллерсонро аз мақом барканор кард

Раиси ҷуҳмури Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трам,  Рекс Тиллерсон - Котиби давлтаии ИМА-ро аз мақом барканор кард. Тиллерсонро дар ин вазифа Майк Помпео - раҳбари Идораи истихбороти ИМА иваз мекунад. Дар ин бора нашрияи The Washington Post рӯзи 13 март хабар дод. Як мақоми баландпоияи маъмурияти Кохи сафед ба шабакаи телевизионии CNN гуфт, ки Трамп рӯзи ҷумъа аз Тиллерсон хоста буд, ки аз мақоми Котиби давлатӣ канор равад.  "Майк Помпео, раҳбари ЦРУ, котиби давлатии нав мешавад, ӯ корҳои фантастикиро анҷом медиҳад! Читать дальше...

Ozodi.org 

Трамп Тиллерсонро аз мақоми вазири умури хориҷӣ барканор кард

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Рекс Тиллерсон - Котиби давлтаии ИМА-ро аз мақом барканор кард. Тиллерсонро дар ин вазифа Майк Помпео - раҳбари Идораи истихбороти Амрико иваз мекунад. Дар ин бора нашрияи The Washington Post рӯзи 13-уми март хабар дод. Як мақоми баландпояи маъмурияти Кохи Сафед ба шабакаи телевизионии CNN гуфт, Трамп рӯзи ҷумъа аз Тиллерсон хоста буд, ки аз мақоми Котиби давлатӣ канор равад.  "Майк Помпео, раҳбари ЦРУ, котиби давлатии нав мешавад, ӯ корҳои фантастикиро анҷом медиҳад! Читать дальше...

Ozodi.org 

Фарзанди гумшудаи Ҳалабҷа модарашро ёфт

Змнако Муҳаммад Аҳмад, яке аз даҳҳо кӯдаке буд, ки баъди гум кардани волидонашон дар ҳамлаи кимиёвӣ ба шаҳри Ҳалабҷаи Ироқ дар моҳи марти соли 1988 дар Эрон онҳоро ба фарзандӣ гирифтанд. Змнако ба ватанаш баргашт ва ба яке аз фаъолони маъракаи мубориза ба зидди аслиҳаи кимиёвӣ табдил ёфт.

Ozodi.org 

Қазияи Скрипал ҳодисаи заҳролудшавӣ ва марги Александр Литвиненкоро ба ёд меорад

Қазияи Скрипал ба хотирҳо ҳодисаи заҳролудшавӣ ва марги Александр Литвиненко, ҷосуси собиқи ФСБ дар Лондонро, ба ёд меорад. Зимнан ҳамсари Александр, Марина Литвиненко дар чаҳорчӯби сӯҳбаташ оид ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентии Русия ба ҳамин мавзӯи заҳролудкунӣ дахл кард.

Ozodi.org 

Ҳабси писари Гул Шералӣ ва 12 нафари дигар дар Душанбе

Диловар Гулов, писари 22-солаи Гул Шералӣ, вазири пешини энергетикаи Тоҷикистон, ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудааст. Раёсати умури дохилии пойтахт рӯзи 13-уми март дар як иттилоияи расмӣ Гулов ва 12 нафари дигарро ба майдаавбошӣ муттаҳам кард. Онҳо аз 5 то 15 рӯз дар ҳабс хоҳанд монд. Мақомоти умури дохилии Душанбе гуфтанд, ки Диловар Гулов ва 12 нафари дигар соати 5-и субҳи 10-уми март дар тарабхонаи «Галакси», воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, якдигарро дашному ҳақорат кардаанд. “Баъди ба ҷои... Читать дальше...

Ozodi.org 

Боздошти писар ва ронандаи Гул Шералӣ дар Душанбе

Диловар Гулов, писари 22-солаи Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва саноати Тоҷикистон, ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудааст. Раёсати умури дохилии пойтахт рӯзи 13-уми март дар як иттилоияи расмӣ Гулов ва 12 нафари дигар, аз ҷумла Саидакрам Давлатшоев, ронандаи Гул Шералиро ба майдаавбошӣ муттаҳам кард. Онҳо аз 5 то 15 рӯз дар ҳабс монда, рӯзона ба корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла корҳои ободонӣ машғул мешаванд.  Як масъули Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе гуфт, Диловар Гулов ва 12 нафари дигар субҳи 10-уми март дар тарабхонаи “Галакси”... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 13-уми марти 2018 (HD)

Эмомалии Раҳмон, аз прокурорҳои тоҷик, хост, ки бо тақдири одамон бозӣ накунанд, Тоҷикистон гуфт, ки сафар ба Узбекистон бо шиносномаи хориҷӣ анҷом мешавад, Британия Русияро дар заҳролудшавии собиқ ҷосуси рус муттаҳам кард, Ровигии писари Ибодулло Машрабов дар консерти Шоми дӯстӣ.

Ozodi.org 

Писари даҳсола дар ҳаммоми Конибодом даргузашт

Як навраси тоҷик, ки барои хабаргирии наздиконаш аз вилояти Самараи Русия ба Тоҷикистон омад, шаби 6 ба 7-уми марти имсол дар ҳаммоми шаҳри Конибодом даргузашт. Камолҷон Нозирови 10-сола ду ҳафта пеш ба зодгоҳаш омада буд. Ӯ ҳамроҳи волидонаш дар Русия мезист ва дар ҳамонҷо таҳсил мекард. Дар Додситонии шаҳри Конибодом гуфтанд, ки таҳқиқи ҳодисаро шуруъ шудааст ва ба ин хотир ба дари ҳаммом қуфл задаанд.  Фозилҷон Нозиров, бобои Камолҷон Нозиров, рӯзи 13-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор соли охир набераашро надида буд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Лавров: Маскав ба зарубулаҷали Лондон посух намедиҳад

Вазири умури хорҷии Русия заҳролудшавии корманди пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипал аз тарафи Маскавро рад кард. Лавров гуфт, Русия ба дархости Британия, дар заминаи заҳролудшавии  Сергей Скрипал, то замони дастрасии Маскав ба маводи парванда посух намедиҳад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости рӯзи 13-уми март аз қавли Лавров гузориш дод. Вазир гуфт, Русия аз мақомоти Британия дархост кард, дастрасии Маскавро ба заҳри фалаҷкунандаи асаб таъмин намояд, ки Сергей Скрипал ва духтари... Читать дальше...

Ozodi.org 

На бӯсу канор, на ишқварзӣ. Тоҷикистон саҳнаҳои фаҳшоро қайчӣ мезанад

На бӯсу канор ва на лаҳзаҳои хуфтухоб. Бино ба оинномаи нави “Тоҷикфилм”, пахши ҳамагуна саҳнаҳои шаҳватбарангез дар телевизиону кинотеатрҳои кишвар мамнуъ шуд. Мақомот гуфтанд, чунин саҳнаҳоро аз дохили филмҳои хориҷиву дохилӣ ёфта, қайчӣ хоҳанд зад.

Ozodi.org 

Герасимов гуфт, Русия ҳамлаи Амрико ба Димишқро бе ҷавоб намегузорад

Вазорати дифои Русия гуфт, ки дар посух ба ҳамлаи эҳтимолии Амрико ба Димишқ аз чораҳои ҷавобӣ кор мегирад. Дар ин бора сардори ситоди кулли нерӯҳои Русия генерал Валерий Герасимов рӯзи 13-уми март изҳорот дод. Ӯ гуфт, ки дар муассисаҳо ва пойгоҳҳои Вазорати дифои Сурия мушовирони Русия, намояндагони Маркази оштидиҳии ду тарафи низоъ кор мекунанд.  "Дар сурати таҳдид ба ҷони низомиёни мо, нерӯҳои низомии Федератсияи Русия чораҳои ҷавобиро, ҳам бар зидди мушакҳо ва ҳам мушакбарҳо, ки истифода мешаванд, ба кор мебарад", - гуфт Герасимов. Читать дальше...

Ozodi.org 

Раҳбари Пентагон бо сафари элоннашуда вориди Кобул шуд

Вазири дифои ИМА Ҷим Мэттис бо сафари эълоннашуда вориди Кобул шуд, то аз амалиёти ҳарбӣ ва дурнамои ҷалби Толибон ба гуфтушунид бо ҳукумати Афғонистон натиҷагирӣ кунад. Ин сафар, ки рӯзи 13 март оғоз шуда, замони баргузории он ба хотири тазмини амният эълон нашуд, бо ҳадафи таҳкими мавқеи Амрико дар ҷанге, ки 16 сол боз идома дорад, ҷараён мегирад. Мэттис қабл аз фурӯдоии ҳавопаймо дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки Ийолоти Муттаҳидаи Амрико аломатҳои таваҷҷӯҳи Толибонро ба гуфтушунид мушоҳида мекунад. Читать дальше...


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus