Диловар Гулов, писари 22-солаи Гул Шералӣ, вазири собиқи энергетика ва саноати Тоҷикистон, ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудааст. Раёсати умури дохилии пойтахт рӯзи 13-уми март дар як иттилоияи расмӣ Гулов ва 12 нафари дигар, аз ҷумла Саидакрам Давлатшоев, ронандаи Гул Шералиро ба майдаавбошӣ муттаҳам намуд.