Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Раҳбари Пентагон бо сафари элоннашуда вориди Кобул шуд

Вазири дифои ИМА Ҷим Мэттис бо сафари эълоннашуда вориди Кобул шуд, то аз амалиёти ҳарбӣ ва дурнамои ҷалби Толибон ба гуфтушунид бо ҳукумати Афғонистон натиҷагирӣ кунад. Ин сафар, ки рӯзи 13 март оғоз шуда, замони баргузории он ба хотири тазмини амният эълон нашуд, бо ҳадафи таҳкими мавқеи Амрико дар ҷанге, ки 16 сол боз идома дорад, ҷараён мегирад.


Мэттис қабл аз фурӯдоии ҳавопаймо дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки Ийолоти Муттаҳидаи Амрико аломатҳои таваҷҷӯҳи Толибонро ба гуфтушунид мушоҳида мекунад. 


Қарор аст дар ин сафар Мэттис бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва низомиёни ИМА, бо шумули генерал Ҷон Николсон, фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон мулоқот кунад. 


Рӯзи 28 феврал Ашраф Ғанӣ ба Толибон таъсиси ҳизби сиёсиро пешниҳод кард ва гуфт, ки барои берун овардани ин гурӯҳ аз зери таҳримҳои кор хоҳад кард, агар Толбибон ба музокирот розӣ шаванд.


 Мэттис ҳамчунин гуфт, ки ҷангиён бояд ҳукумати Кобул ва волоияти қонунро эътироф кунанд. Толибон то ҳол гуфтугӯи мустақим бо ҳукумати  ғарбгаро ва ба гуфтаи онҳо "ғайриқонунӣ"-и  Афғонистонро рад мекардаанд. Ин гурӯҳи мусаллаҳ пофишорӣ дошт, ки танҳо бо Ийолоти Муттаҳидаи Амрико музокирот мекунад. Толибон ҳамчунин шарти дигар доранд, ки нерӯҳои НАТО бояд қабл аз оғози гуфтушунид Афғонистонро тарк кунанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus