Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи маргборро ба толори мусиқии "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав "ҳодисаи нангину даҳшатнок" хонд.
Сухангӯйи президенти Русия Владимир Путин ба суолҳо дар бораи латукӯбу шиканҷаи чаҳор гумонбари ҳамла ба як толори консертӣ дар канори Маскав посух надод.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии чаҳоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.
Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба ҳамлаи маргбор ба маркази мусиқии "Крокус" дар канори шаҳри Маскав яксон нест. Баъзеҳо ба тарроҳи ҳамла будани шаҳрвандони Тоҷикистон шубҳа дорад, иддаи дигар аз оқибатҳои ин кор барои муҳоҷирони тоҷик нигаронанд.
Ҳамлаи хунин ба Крокус бештар аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистонро нигарону мушавваш кард, чун бисёриҳо як фарзанде ё азизе дар Русия доранд. Умдатан баъди ҳаргуна хабари баде дар бораи тоҷикон дар Русия озору азияти онҳо зиёд мешавад.
Додгоҳи ноҳияи Басманнии Маскав рӯзи 25-уми март номи се гумонбари дигарро дар ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" эълон кард: Аминҷон Исломов; Диловар Исломов ва Исроил Исломов.
Дар хориҷ аз Тоҷикистон вокунишҳо ба эҳтимоли даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаи хунин дар вилояти Маскав зиёд аст. Радиои Озодӣ назари чанд нафарро дар ин робита пурсид.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 25 март пайвандони Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарон ба ҳамлаи маргбор дар Маскавро барои бозпурсӣ бурдаанд. Фаридуни Шамсиддин 25-сола ва аз деҳаи Лойоби Ҳисор аст. Як додгоҳи шаҳри Маскав шаби 24 март ӯро бо айби "амалиёти гурӯҳии террористӣ" ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав шоми 24-уми март чаҳор шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро ба терроризм гумонбар донист ва то охири моҳи майи имсол ба ҳабс гирифт.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 25-уми март пайвандони Фаридуни Шамсиддин, яке аз гумонбарон ба ҳамлаи маргбор дар наздикии Маскавро барои бозпурсӣ бурдаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар пасманзари ҳамлаи маргбор ба толори консертии Crocus City Hall дар Маскав аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, бе зарурат ба Русия нараванд.
ЮНЕСКО гуфт, ҳукумати Узбекистон ваъда дода буд, ки то ҳосил шудани созиш дар бораи нақшаи куллӣ аз тахриби биноҳо дар минтақаи таърихии Бухоро даст мекашад, аммо ҳоло ваъдахилофӣ мекунад. Дар ин бора Eurasianet бо такя ба посухи хаттии Созмони илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид хабар дод.
Як телеграм-канали наздик ба гуруҳи зархаридии "Вагнер", аксеро нашр кардааст, ки ба эҳтимоли зиёд лаҳзаи шиканҷаи шаҳрванди Тоҷикистон Фаридуни Шамсиддин аст.
Сафорати Қирғизистон дар Русия дармондани шаҳрвандони ин кишвар дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскавро шарҳ дод.
Дар назди бинои пулиси ноҳияи Нор Норки шаҳри Еревани Арманистон таркиш рух додааст.
Намояндагии СММ дар Остона дар робита ба вазъи 5 фаъоли қарақалпоқистонӣ, ки аз Қазоқистон дархости паноҳандагӣ кардаанд, ба ҳукумати ин кишвар муроҷиат кардааст.
Ислом Халилови 15-сола, ки барои берун рафтан аз "Крокус Сити Холл" ба одамони зиёд кумак кард, бо медали мусулмонони Русия "Барои хидмат" қадрдонӣ хоҳад шуд.
Додгоҳи ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд 19 март соҳибкори 73-сола Салим Абдувалиев, маъруф ба "Салимбойбачча"-ро 6 сол зиндонӣ кардааст.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” (“Tbilisi Grand Slam 2024”), ки рӯзҳои 22-24-уми март дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон доир гардид, бе ҷоиза монданд.
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад давоми ду соли оянда 525 хонаводаро аз минтақаҳои хавфнок ба водиҳо кӯчонад. Дар Тоҷикистон онҳоро муҳоҷирони экологӣ мегӯянд.
Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав шоми 24-уми март чаҳор шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро ба терроризм гумонбар донист ва то охири моҳи майи имсол ба ҳабс гирифт. Айбномаи онҳо тибқи қисми сеи банди 205-қонуни кайфарӣ ё ҷиноии Русия ҷазоҳоеро то ҳабси абад пешбинӣ мекунад.