Сӯхтор дар як фурӯшгоҳи шаҳри Бохтар чанд хонаводаи муҳоҷирони афғонро аз манбаи даромаду рӯзгузаронӣ маҳрум кард. Дар пайи сӯхтори рӯзи 7-уми март дар бозори қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири мошинҳо ба гуфтаи мақомот шаш дӯкон пурра ба коми оташ рафт.
Дар пайи таркиши як мотосикли бомбгузоришуда, дар шаҳри Пешовари Покистон ду тан ҷон бохта, як нафар маҷрӯҳ шудааст.
Дар нахустин рӯзҳои баҳор дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ҳунарнамоии як овозхони зодаи Қирғизистон баргузор шуд.
Пулиси Туркия 33 нафарро бо гумони ҳамкори бо гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ва эҳтимоли омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар остонаи интихоботи ин кишвар боздошт кардааст.
Мақомот дар Тоҷикистон аз ҳудудан 10 дар сад коҳиш ёфтани шумори афроди бекор хабар доданд. На ҳама ба дурустии ин омор бовар доранд.
230 миллион занону духтарон дар дунё қурбонии ҷарроҳии узвҳои ҷинсӣ ё хатна шудаанд. Бино ба гузориши нави Бунёди атфоли СММ (ЮНИСЕФ) дар 8 соли ахир шумори занони хатнашуда 15 дар сад ё 30 миллион нафар зиёд шудаанд.
Пас аз 11 соли зиндон, рӯзноманигори Муҳаммадюсуф Исмоилов ба озодӣ баромад, аммо то соли 2025 ҳаққи хабарнигорӣ ё ҳамкорӣ бо расонаҳоро надорад.
Пас аз 11 соли зиндон, рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов то соли 2025 ҳаққи хабарнигорӣ ё ҳамкорӣ бо расонаҳоро надорад. Ҳамакнун ҳамчун сокини ноҳияи Ашт вай ба як рӯзномаи давлатӣ чайнвордҳо мефиристад ва ба ин васила рӯзгорашро пеш мебарад. Фарзон Муҳаммадӣ бо ӯ ҳамсуҳбат шуд.
Норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар як моҳи ахир баҳсу норозигии зиёдеро ба бор овард, бахусус баъди марги як хонавода дар шаҳри Душанбе. Дар барномаи Гапи озод ин масъала матраҳ шуд, ки оё мудирияти номуносиб сабаби камбуди нерӯи барқ дар кишвар аст, ё сабабҳои дигар.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон солҳо пеш эълон карда буд, ки расидан ба истиқлоли энергетикӣ, яъне таъмини мардуму корхонаҳо бо нерӯи барқи доимӣ, як ҳадафи асосӣ ва стратегии ҳукумат аст.