Дар Хатлон қариб ҳар сол бо харҷи пули зиёд барои меҳмонону сайёҳон макону биноҳо сохта мешавад, аммо дар як фурсати кӯтоҳ онҳо ба харобазор табдил меёбанд. Мисли маконе дар Ховалинг, ки барои қабули меҳмонон сохта буданд ва он акнун батадриҷ вайрон мешавад.
Бо гузашти як ҳафта аз анҷоми нишастҳои хабарии мақомот хабарнигорон аз натиҷаи онҳову бардошти худ мегӯянд. Дар байни хабарнигорони Кӯлоб ин масъала бисёр баррасӣ мешавад, ки чаро баъзе аз мақомоти муҳим, аз ҷумла раёсати корҳои дохилӣ бо вуҷуди амри раиси ҷумҳур нишасти хабарӣ баргузор накарданд.
Дар пайи оташ гирифтани як хона дар Душанбе, се кӯдак ба ҳалокат расидаанд.
Як марди нобино дар Душанбе 6 моҳ боз касонеро меҷӯяд, ки бо баҳонаи кӯмак ӯро ғорат кардаад ва пулашро бурдаанд.
Як марди нобино дар Душанбе шаш моҳ боз ҷавонеро меҷӯяд, ки бо баҳонаи некӣ ӯро ғорат кардааст. Аслиддин Ҷалилов мегӯяд, ҷавон бо истифода аз корти бонкии ӯ пулро аз ҳисоби бонкиаш гирифт. Мақомоти интизомӣ ҳам зоҳиран парванда ва шикояти ин марди нобино ва муҳтоҷро фаромуш кардаанд.
Дар пайи шикоятҳо аз бебарқиву хонаҳои сард танқиди кори мақомот дар Душанбе, раиси ин шаҳр ва ҳамзамон раиси Маҷлиси Миллӣ Рустами Эмомалӣ барои огаҳӣ аз вазъ ба чанде аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон рафтааст.
Раиси ҷумҳур Ҷо Байден рӯзи 1-уми март гуфт, ки Амрико ба тақсими кӯмакҳои башарӣ дар Ғазза оғоз мекунад ва маводи зарурӣ аз ҳавопаймоҳо ба поён андохта мешавад.
Мақомоти интизомии Русия дар рӯзи дафни Алексей Навалний, яке аз пешвоёни мухолифони давлат на камтар аз 120 нафарро дар шаҳрҳои гуногун дастгир кардаанд.
Додгоҳи шаҳри Екатеринбург Беҳрӯз Ғаниев як зодаи Тоҷикистонро бо гуноҳи терроризм, таҳияи маводи тарканда ва чанд иттиҳоми дигар ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст.