"Бо хишт ҳамла карданд". Парвандаи ошӯб дар Боздоштгоҳи Хуҷанд ба додгоҳ рафтааст
Таҳқиқи ошӯб дар Боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и шаҳри Хуҷанд ба анҷом расида, парванда ба додгоҳ рафтааст. Ин хабар аз забони Умед Каримзода, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти Кумитаи Созмони Милал барои мубориза бо шиканҷа дар шаҳри Женева садо дод. Ин мақомдори тоҷик баъзе тафсилоти ин ошӯбро ҳам шарҳ дод.
Ошӯб ё тирпаронӣ дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд 31-уми январ рух дод ва дар он камаш се зиндонӣ кушта шуданд. Дар бораи ин ҳодиса аввал шуда, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш хабар дода буд.
Ба гуфтаи Умед Каримзода, дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми халалдор кардани низоми зиндонҳо ва фирор аз маҳбас парванда боз шудааст. Ҳамчунин ду корманди Боздоштгоҳ ба хунукназарӣ гумонзад шудаанд. Муовини аввали додситони кул гуфт, парванда дар баррасии додгоҳ аст.
Муовини аввали додситони кул 14-уми апрел дар шарҳи ҳодиса гуфт, се маҳкумшуда Ғаюров, Халилзода ва Кавраков дар вақти сайругашт ду корманди боздоштгоҳ ва як маҳкумшударо латукӯб карданд ва онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.
"Баъдан Ғаюров ва ҳамдасташон бо зина ба болои боми боздоштгоҳ баромада, роҳҳои хуруҷро баста, бо нидои Аллоҳу Акбар хишт ва пораҳои бетонро ба сӯи кормандони СИЗО партофтанд. Новобаста аз талаби роҳбарият барои қатъи корҳои ғайриқонунӣ ва оташи огоҳкунанда, маҳкумшудаҳо ба кормандони боздоштгоҳ, ки мехостанд ба болои бом бароянд ҳамла карданд", - афзуд Умед Каримзода.
Тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо аз манобеи мустақил имконпазир нест.
Муовини аввали додситони кул гуфт, се маҳбус бо истифода аз силоҳ "безарар гардонда шуданд". Мақомот дар Тоҷикистон ин ибораро бештар ба ҷойи куштан ё маҳв кардан истифода мебаранд.
Тирпарронӣ дар Боздоштгоҳи Хуҷанд ва ошӯбҳои дигар дар зиндонҳои Тоҷикистон мустақилона таҳқиқ нашудаанд. Барои ҳамин тасдиқи ҳарфҳои мақомот дар бораи ин ҳодиса мушкил аст.
Дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон ҳаст. Мақомоти Тоҷикистон дар суҳбатҳои худ аз беҳтар шудани шароити боздоштгоҳу зиндонҳо суҳбат мекунанд. Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар соли 2024 "аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон" мушкили ҷиддӣ номид.
Дар солҳои охир дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат (2018, 2019 ва 2025) чанд ошӯб ё исён рух дода, зиёда аз 50 кас кушта шуданд. Мақомот ҳамвора ошӯбро кори дасти ифротгароёни исломӣ донистаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ бадрафтории мақомот бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро аз сабабҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.