Дар Норак 500 ҳазор сомонӣ пули дармонгоҳҳоро дуздидаанд
Оҷонсии зидди фасод аз ошкор шудани дуздии беш аз ним миллион сомонӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббии шаҳри Норак хабар додааст.
Ба иттилои Оҷонсӣ, сармуҳосиб ва мудири анбори ин корхона аз тариқи сохтани "супоришномаҳои пулгузаронии таҳрифшуда" 530 ҳазор сомониро азхуд кардаанд. Ин маблағ дар санадҳо ба номи Иттифоқҳои касаба навишта шуда, вале ба гуфтаи Оҷонсии зидди фасод аз сӯи сармуҳосиб ва мудири анбор азхуд шудааст.
Назари ин афрод ба қазия маълум нест.
Алайҳи ин ду корманди муассисаҳои кумаки аввалияи тиббии шаҳри Норак бо иттиҳомҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ парванда боз шудааст. Ин иттиҳомҳо ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Идораи Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) фаъолияти дармонгоҳҳоро назорат мекунад
Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад.