Духтари Эмомалӣ Раҳмон баъди як соли мансабгирӣ номзади илм шудааст
Фарзонаи Эмомалӣ, духтари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки соли гузашта дар Вазорати тандурустӣ мансаб гирифт, унвони номзади илми тибро соҳиб шудааст.
Маркази матбуоти вазорат рӯзи 17-уми апрел бо нашри баёнияи расмӣ дар Фейсбук гуфт, ӯ номзадиро дар мавзӯи “Ҷанбаҳои муосири хидматрасониҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ба кӯдакон ва наврасон дар марказҳои саломатӣ” ҳимоя намуд.
Маълум нест, маросими дифои номзадии Фарзонаи Эмомалӣ кай ва чӣ гуна сурат гирифтааст.
Ӯ 27 сол дорад ва ба гуфтаи мақомот Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Академияи идораи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, 7 духтар ва 2 писар дорад ва мухолифон ӯро барои таъйини фарзандону хешовандонаш ба мақомҳои баланд танқид мекунанд.
Яке аз духтаронаш Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президент ва писараш Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон аст.
Рухшона Эмомалӣ, духтари дигари президент, сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолист. Шавҳари ӯ, Шамсулло Соҳибов, дар ҳуҷҷатҳои расмӣ молики чанд ширкати калон зикр шудааст, ки тиҷорати сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои дигарро зери назорат дорад.
Парвина Раҳмонова ширкатеро назорат мекунад, ки ҳамагӣ дар шаш сол бо ёрии робитаҳои сиёсияш ба тоҷири пештози бозори доруи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ширкати "Сифат фарма" аз замони таъсисёбияш дар соли 2017 тендерҳои чандмиллиондолларии давлатиро аз худ мекунад ва шабакаи иборат аз қариб 20 дорухонаро дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, соҳиб аст. Шавҳари ӯ, Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб аст.
Зарина Раҳмон, духтари дигари президент Эмомалӣ Раҳмон, муовини аввали раиси "Ориёнбонк" аст. Раҳбарии “Ориёнбонк”-ро Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳур ба уҳда дорад.
Таҳмина Раҳмон, духтари дигари раисҷумҳур, ҳамроҳи шавҳараш Зарифбек Давлатов машғули тиҷоратанд.