Муҳиддин Асадуллоев қаҳрамони Осиё шуд
Варзишгарони тоҷик дар ду рӯзи мусобиқаи инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё дар шаҳри Ордоси Чин панҷ медал (ду тило, ду нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 17-уми апрел - Муҳиддин Асадуллоев, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар вазни то 73 кило барандаи медали тило гардид.
Муҳиддин ба сабқат аз даври дуюм пардохт. Вай Нурмуҳаммад Бакирдиновро аз Қирғзистон шикаст дода, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Сок Бом Но аз Кореяи Шимолӣ ва дар даври ниманиҳоӣ бар Эункюл Ли аз Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуда, дар финал Маҳмадбек Маҳмадбековро аз Имороти Муттаҳидви Арабӣ мағлуб кард ва бори аввал ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.
Паҳлавони дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило ба гирифтани медали нуқра ноил шуд. Сомон, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Шинебайар Оюнчимеги муғулро шикаст дода, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Гаджидовуд Гасанови баҳрайнӣ дастболо шуд. Сомон дар марҳилаи ниманиҳоӣ намояндаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Гаджимурод Умаровро шикаст дода, дар финал аз Адилет Алмати қазоқ мағлуб гашт ва соҳиби нишони нуқра гардид.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа Абдуллои Ориф дар вазни то 73 кило ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 81 кило ҷойҳои панҷумро касб карданд. Вале Александра Кан дар сабқати занон дар вазни то 57 кило дар нахустин рақобати худ ноком шуд.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё дар шаҳри Ордоси Чин се медал (як тило, як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
Медали тилоро Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило соҳиб шуд. Эмомалӣ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм намояндаи Муғулистон Унурбат Ҷантсандоржро шикаст дода, ба нимфинал баромад. Дар ин марҳила Эмомалӣ бар намояндаи мизбон Хуэ Зиянг ғолиб омада, ба финал роҳ ёфт.
Дар даври ниҳоӣ Эмомалӣ Нуралӣ бар ҳамватани худ Обид Ҷебов дастболо шуда, соҳиби медали тило гашт. Ҷебов ба гирифтани медали нуқра ноил гардид. Обид дар роҳ ба финал Ри Кум Сонгро аз Кореяи Шимолӣ, Зардии Казирбекро аз Муғулистон ва Kим Чаннйонгро аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб кард.
Ин аввалин медали тило дар корномаи Эмомалӣ Нуралӣ дар қаҳрамонии Осиё ба ҳисоб меравад. Бояд зикр намуд, Эмомалӣ Нуралӣ пас аз Комроншоҳи Устопириён, ки ду бор дар қаҳрамонии ҷудои Осиё (солҳои 2016 ва 2017) дар Тошканд дар вазни то 90 кило ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудааст, дуюмин шуда аз Тоҷикистон дар ин риштаи олимпии варзиш медали тило ба даст овард.
Мадина Қурбонзода дар сабқати занон дар вазни то 52 кило барои медали биринҷӣ бар Шук Ки Тсул аз Ҳонконг пирӯз шуд. Ин беҳтарин натиҷа миёни бонувони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё ба ҳисоб меравад.
Аммо дар рӯзи аввали мусобиқа – 16-уми апрел – ду паҳлавони дигари тоҷик – Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило ва Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кило - ноком шуда, аз медал бенасиб монданд.
Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи инфиродии қаҳрамонии Осиё дар Чин 197 варзишгар (108 мард ва 89 зан) аз 19 кишвари қора иштирок доранд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 варзишгар (9 мард ва 4 зан) дохиланд. Дар рӯзи охирини мусобиқа – 18-уми апрел - боз се нафар дар байни мардон - Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Шодмон Ризоев (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва як нафар миёни занон - Виктория Киселёва (+78 кг) – ба рақобат мепардозанд.
Пас аз натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Муғулистон бо се медали тило, як нуқра ва як биринҷӣ дар мақоми аввал аст.
Тоҷикистон бо ду медали тило, ду нуқра ва як биринҷӣ мақоми дуюмро касб намудааст. Мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ду медали тило ва як нуқра дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, 7 медал (2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
Медалҳои нуқраро Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) гирифтанд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов (ҳарду дар вазни - 66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.