Вазорати умури хориҷии Қазоқистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 76 шаҳрванди ин кишвар дар навори Ғазза қарор дорад.
"Теъдоди онҳо бо аъзои оилаашон ба 161 нафар мерасад. Мақомоти ҳам Мирс ва ҳам Исроил ба бурунрафти аъзои хонаводаи шаҳрвандони хориҷӣ талаботи муайян доранд. Бурунрафти сеяки онҳо номумкин аст. Инҳо кудакон, ҳамсарон ва набераҳои онҳо ҳастанд. Бинобар ин, бархе аз шаҳрвандони мо розӣ нестанд, ки навори Ғаззаро бидуни аъзои хонаводаашон тарк кунанд", - изҳор дошт сухангӯи вазорат Айбек Смадияров 6 ноябр дар нишасти хабарӣ.
Ба гуфтаи ӯ, сафорати Қазоқистон дар Қоҳира барои берун бурдани қазоқистониҳо аз Ғазза пайваста бо мақомоти Миср гуфтугӯ мекунад.
Гузаргоҳи Рафаҳ, ки дар миёни Ғазза ва Миср аст, 1 ноябр барои бурунрафти хориҷиҳо аз навор муваққатан боз карда шуд. Хадамоти марзбонии Миср эълом кард, ки барои берун рафтани хориҷиҳо аз Ғазза дубора онро боз хоҳад кард.