Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон бозии даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е”-ро бо тими «Персеполис» («Перспулис»)-и Эрон бо ҳисоби баробари 1:1 анҷом дод.
Садҳо муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистону Узбекистон, ки бархе ба иқомати ғайриқонунӣ муттаҳаманд, як ҳафта боз дар назди Додгоҳи Сариоғоч, дар вилояти Туркистони Қазоқистон, сарсону саргардон шудаанд.
Нигаҳдошти партовҳои ҳастаии шаҳри Истиқлол беҳбуд ёфтааст.
Қазоқистон мехоҳад муҳоҷиронро аз аввал ҷарима ва баъд ихроҷ кунад.
Қазоқистон мехоҳад ҳазорҳо муҳоҷири тоҷику узбекро муҳокима, ҷарима ва баъд ихроҷ кунад, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дастури Толибонро пора-пора кард ва поксозӣ дар партовгоҳи радиоактиви Истиқлол ба анҷом расид.
Ҷомеаи расонаии Қирғизистон 7-уми ноябр, дар Рӯзи иттилоъ ва нашр, ба унвони мақомоти он кишвар нома фиристод. Дар нома аз хатарҳое ёд шудааст, ки журналистикаи Қирғизистон бо он рӯ ба рӯст.
Сафир дастури Толибонро дар ҳузури хабарнигорони тоҷик пора-пора кард.
Бар асари таркиши як мушак дар Шарқи Дури Русия як муҳоҷири тоҷик ҷон бохта, дигаре захмӣ шудааст.
Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, теъдоди фаластиниҳои кушташуда дар ҷанги идомадори Исроил бо гуруҳи “Ҳамос” аз 10 ҳазор нафар гузашт.
Муҳаммадзаҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон, ки худро намояндаи мардуми ин кишвар дар Тоҷикистон медонад, як номаи паҳншударо аз номи "Толибон" дар ҳузури хабарнигорон пора кард.
Наргис Муҳаммадӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2023, дар зиндони Эрон гуруснашинӣ эълом кард. Дар ин бора наздиконаш рӯзи 6-уми ноябр хабар доданд. Эътирози ӯ алайҳи шароити нигаҳдорӣ дар зиндони Эвин аст.
Ҳафт созмони байнулмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ҳомии ҳуқуқ ва вакили мудофеи зиндонӣ Манучеҳр Холиқназаровро фавран ва бе қайду шарт озод кунад. Ӯ ба 16 сол зиндон маҳкум шудааст.
Бозигарони дастаи навтаъсиси футболи “Румон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ноадолатӣ дар мусобиқаи лигаи дуюми Тоҷикистон шикоят доранд. Ба иддаои онҳо, моҳе пеш ба таври техникӣ ба ҳарифонашон аз ноҳияи Мастчоҳ ғолиб омаданд, вале ин пирӯзӣ ба эътибор гирифта нашуд. Чаро? Ҳамааш дар навор ҳаст.
Бозии даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Персеполис» («Перспулис»)-и Эрон шоми имрӯз, 7-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 оғоз меёбад.
Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки Ғазза дар ҳоли табдил шудан ба "қабристони кӯдакон" аст. Ин суханони оқои Гуттериш хашми Исроилро ба бор овард.
Русия мехоҳад назорати даромадани муҳоҷиронро ба ин кишвар сахттар кунад.
Вазорати умури хориҷии Қазоқистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 76 шаҳрванди ин кишвар дар навори Ғазза қарор дорад. "Теъдоди онҳо бо аъзои оилаашон ба 161 нафар мерасад. Мақомоти ҳам Мирс ва ҳам Исроил ба бурунрафти аъзои хонаводаи шаҳрвандони хориҷӣ талаботи муайян доранд. Бурунрафти сеяки онҳо номумкин аст. Инҳо кудакон, ҳамсарон ва набераҳои онҳо ҳастанд. Бинобар ин, бархе аз шаҳрвандони мо розӣ нестанд, ки навори Ғаззаро бидуни аъзои хонаводаашон тарк кунанд", - изҳор дошт сухангӯи вазорат Айбек Смадияров 6 ноябр дар нишасти хабарӣ. Читать дальше...
Шӯрои мудирони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Стивен Капусро иҷрокунандаи нави вазифаи президенти радио таъйин кардааст. Капус дар гузашта мақомҳои калидиеро дар телевизионҳои "CBS News" ва "NBC News" бар зимма дошт. Стивен Капус беш аз 40 сол аст, ки дар бахши рӯзноманигорӣ ва мудирияти расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла беш аз 25 сол дар вазифаҳои роҳбарӣ кор кардааст. Ӯ соли 2005 президенти телевизиони "NBC News" шуд. "Мо хеле хушҳолем, ки Стив розӣ шуд, Радиои Озодиро дар чунин як лаҳзаи муҳим дар таърихи радио раҳбарӣ кунад"... Читать дальше...
Нишасти 16-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) рӯзҳои 8-9 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. "Интизор меравад, дар нишаст президентҳо ва раисони ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Туркия иштирок кунанд", - иттилоъ додааст Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон. Иштирокдорони нишаст масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту иртиботот ва башардӯстонаро баррасӣ хоҳанд кард. Мулоқоти дуҷонибаи президенти... Читать дальше...
Дафтари намояндагии президенти Русия дар минтақаҳои марказии кишвар аз мақомоти маҳаллӣ хостааст, то “қишрҳои осебпазирро” ба артиши Русия даъват кунанд.