Сармои қаҳратун, ки мардуми гармидӯстдори Тоҷикистонро ба танг овардааст, мақомотро маҷбур кард, таътили зимистона дар кӯдакистону мактабҳои миёнаро то чанд рӯзи дигар дароз кунанд.
Вазорати маориф рӯзи 14-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, “бо назардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ таътили зимистонаи хонандагон тамдид карда шуд.”
Таътили зимистона ва даҳрӯза дар мактабу кӯдакистонҳои Тоҷикистон рӯзи 1-уми январ оғоз ёфт, вале бинобар ҳавои сард онро то 16-уми январ тамдид карданд. Ҳоло вазорат мегӯяд, ки муҳассилин бояд то 20-уми январ дар хона бимонанд. Ба қавли вазорат, дарсҳое, ки дар ин муддат намегузаранд, тибқи ҷадвали алоҳидаи дарсҳои иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсил аз ҳисоби таътилҳои баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешаванд.
Дар Тоҷикистон чанд рӯз аст, ки ҳавои сарди тоқатфарсо идома дорад ва дар баъзе аз ноҳияҳо ҳаво шабона аз 20 дараҷа ҳам сардтар аст, ки дар водиҳои аҳёнан дида мешавад. Чунин ҳавои сард дар Тоҷикистон 15 сол пеш ва моҳи январи соли 2008 бедодгарӣ карда буд.