Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даст доштани шаҳрвандони кишварро дар эътирозҳои моҳи январи соли гузашта дар Қазоқистон рад кард. Як рӯз пеш Додситони кулли Қазоқистон гуфт, дар бетартибиҳои моҳи январи соли гузашта дар ин кишвар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикистониён ширкат доштанд.