Вазорати энержӣ ва захираҳои оби ҳукумати Толибон дар Афғонистон шартномаи хариди нерӯи барқ аз Узбекистонро барои як соли дигар тамдид кард.
Ба иттилои "TOLOnews", Абдулатиф Мансур, иҷрокунандаи вазифаи вазири энержӣ ва захираҳои об дар ҳукумати Толибон рӯзи 2 январ аз Тошканд боздид кардааст.
Ба гуфтаи ин мақомдори ҳукумати Толибон, қатъи нерӯи барқ дар шаҳри Кобул ва як қатор минтақаҳои дигари Афғонистон ба камбуди фаннӣ дар нерӯгоҳҳои Узбекистон рабт дорад.
Абдулатиф Мансур гуфтааст, созишномаи хариди нерӯи барқ аз Узбекистон барои соли 2023 ба имзо расидааст ва аз афғонистониҳо даъват кардааст, ки нерӯи барқро сарфа кунанд.