Ду соҳибкор ва чанд корманди идораҳои беҳдоштӣ ва андози шаҳри Хуҷанд бо парвандаи мавсум ба “мурғкабоб” ҷазо хоҳанд дид. Аз он кабоб наздики 50 шаҳрванд заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ гаштанд. Додситонии Хуҷанд парвандаро ба додгоҳ фиристодааст.