Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар даври чаҳоруми қаҳрамонии футзали CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022, ки 25-уми январ дар Душанбе баргузор шуд, бозиро ба мунтахаби Узбекистон бо ҳисоби 0:5 бохт. Ин бохти дувуми мизбонон дар ин мусобиқа аз дастаи Узбекистон аст.
Ёдовар мешавем, дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Созмони футболи Осиёи Марказӣ дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе то рӯзи 28-уми январ идома хоҳад кард, чаҳор дастаи мунтахаби занона аз Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат доранд.
Мунтахаби Эрон, ки баъди се пирӯзӣ бар дастаҳои Узбекистон (5:2), Тоҷикистон (12:0) ва Қирғизистон (10:0), дар даври чаҳорум ба дарвозаи мунтахаби Қирғизистон панҷ голи беҷавоб зад, дар ҷадвали мусобиқа бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст.
Мунтахаби Узбекистон бо 9 имтиёз мақоми дувумро азони худ кардааст. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чаҳорум қарор доранд.
Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2022 аз рӯи системи даврӣ дар ду давра баргузор шуда, дар он ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳо муайян мешавад.
Бозиҳои даври панҷуми қаҳрамонии CAFA-2022 рӯзи панҷшанбе, 27-уми январ, миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон – Тоҷикистон ва Эрон – Узбекистон сурат мегирад.
Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2022 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона
Даври 1-ум
Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:1
Узбекистон – Эрон – 2:5
Даври 2-юм
Қирғизистон – Узбекистон – 0:11
Эрон – Тоҷикистон – 12:0
Даври 3-юм
Тоҷикистон – Узбекистон – 1:8
Қирғизистон – Эрон – 0:10
Даври 4-ум
Узбекистон – Тоҷикистон – 5:0
Голҳо: Нилуфар Қудратова, 14 (1:0). Нозимахон Эргашева, 20 (2:0). Мафтуна Шоимова, 23 (3:0). Нозимахон Эргашева, 27 (4:0). Уғулой Қучқорова, 35 (5:0).
Эрон – Қирғизистон – 5:0
Голҳо: Саҳар Попӣ, 5 (1:0). Фотима Раҳматӣ, 6 (2:0). Саиднастаран Муқимифарзӣ, 14 (3:0). Фаришта Каримӣ, 32 (4:0). Соро Ширбейгӣ, 33 (5:0).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ
ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
Эрон
4
4
0
0
32-2
12
2
Узбекистон
4
3
0
1
26-6
9
3
Тоҷикистон
4
0
1
3
2-26
1
4
Қирғизистон
4
0
1
3
1-27
1
Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 5-ум
27-уми январ (панҷшанбе)
15:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон
18:00 – Эрон – Узбекистон
Даври 6-ум
28-уми январ (ҷумъа)
15:00 – Узбекистон – Қирғизистон
18:00 – Тоҷикистон – Эрон