Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

СБП: Тоҷикистон тавони иқтисодии нигаҳдории садҳо ҳазор паноҳҷӯи афғонро надорад

Як муассисаи байналмилалии молӣ пешбинӣ кардааст, ки дар сурати паноҳ бурдани садҳо ҳазор паноҳҷӯи афғон, Тоҷикистон тавони иқтисодии нигаҳдории онҳоро нахоҳад дошт. Сандуқи Байналмилалии Пул дар як гузориши наваш гуфтааст, эҳтимолан нишондодҳои иқтисоди Афғонистон имсол 30 фоиз кам мешавад ва сабаби болоравии бенавоиву фақр дар миёни миллионҳо сокинони ин кишвар шавад. Ин ҳолат, ба бовари мутахассисон, ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва Туркияву Аврупо таъсири бад мегузорад. Дар ин гузориш, ки ҳамин ҳафта нашр шуд, омадааст, агар як миллион нафар афғонистонии дигар гурехта ба кишварҳои дигар паноҳ баранд, харҷи нигаҳдории онҳо дар Тоҷикистон дар як сол 100 миллион долларро ташкил хоҳад дод.


Харҷи нигаҳдории онҳо дар Эрону Покистон аз ин ҳам болотар - аз 300 миллион доллар то ба ним миллиард доллар мерасидааст. Дар гузориши Сандуқи Байналмилалии Пул омадааст, ки дар сурати фирори паноҳҷӯёни афғон ба кишварҳои ҳамсоя, мумкин аст, онҳо “ба буҷаи кишварҳои мизбон бори изофӣ шаванд, бозори корро зери фишор гузоранд ва танишҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд биёранд.”

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 13-уми октяябр  раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, рӯзона аз 400 то 500 паноҳҷӯи афғон саъй мекунанд, ба хоки Тоҷикистон гузаранд. Баъди ба қудрат расидани Толибон дар моҳи август, иқтисоди Афғонистон зарбаҳои гуногуне дид, содирот кам шуд, қурби пул поён омад ва сатҳи некӯаҳволии мардум бадтар шуд. То охири соли гузашта дар Афғонистон шумори беҷошудаҳои дохилӣ 3.5 миллион ва паноҳҷӯ дар хориҷа 3 миллион нафар буданд. Нисфи онҳо дар Покистон зиндагӣ мекунанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus