Як таҳқиқот маълум кардааст, ки дар вилояти Суғд қариб 500 шахси бесарпаноҳ дар кӯчаву минтақаҳои касногузар зиндагӣ мекунанд. Муҳаққиқон ин афродро "қишри осебпазир" меноманд. Мақомот вуҷуди онҳоро инкор намекунанд, вале мегӯянд, баъзе аз шахсони бесарпаноҳ барои гирифтани ёрӣ муроҷиат накардаанд.