Марҳилаи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои занона ба анҷом расид.
Рӯзи 18-уми июл панҷ бозии мавқуфгузоштаи даври панҷуми лигаи занонаи футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Пешсафи мусобиқа - “Хатлон”-и Бохтар - дар меҳмонӣ бар «Конибодом»-и шаҳри Конибодом бо ҳисоби 6:1 пирӯз гардид.
Ғолиби феълии лигаи занона - «Зебонисо»-и Душанбе - дар майдони худ «Чашма»-и Шаҳритусро бо ҳисоби бузурги 17:0 шикаст дод. Дар ду бозии дигари даври гузашта «Ҳосилот»-и Фархор бар «Нӯшофарин»-и Бохтар бо ҳисоби 6:0 ва «Суғд»-и вилояти Суғд бар дастаи меҳмон - «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав – бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд. Бозӣ миёни дастаҳои «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ ва «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии марҳилаи аввали мусобиқаи Лигаи занонаи футболи Тоҷикистон тими “Хатлон”, ки дар ҳамаи 9 бозӣ пирӯзӣ ба даст овард, дар ҷадвал пешсафи ягона аст. Футболбоздухтарони шаҳри Бохтар 27 имтиёз доранд.
«Зебонисо» -и Душанбе, ки 21 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқа зинаи дувумро касб кардааст. Дастаи “Суғд” бо 18 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.
Рӯйхати голзанҳоро дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои занона Лайло Ҳалимова аз дастаи “Хатлон” сарварӣ мекунад, ки ба дарвозаи рақибонаш 34 тӯб задааст.
Марҳилаи дувуми мусобиқаи лигаи занонаи футболи Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 25-уми июл шуруъ мешавад.
Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои занона
Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 5-ум
«Зебонисо» – «Чашма» – 17:0
«Конибодом» – «Хатлон» – 1:8
«Ҳосилот» – «Нӯшофарин» – 6:0
«Зебо» – «Равшан» – 1:1
«Суғд» – «Бешкент» – 3:2
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Хатлон» (Бохтар)
9
9
0
0
78-3
27
2
«Зебонисо» (Душанбе)
8
7
0
1
75-9
21
3
«Суғд» (Суғд)
9
6
0
3
32-31
18
4
«Ҳосилот» (Фархор)
9
4
2
3
17-21
14
5
«Бешкент» (Носири Хусрав)
9
4
1
4
40-17
13
6
«Равшан» (Кӯлоб)
9
3
3
3
19-23
12
7
«Зебо» (Дӯстӣ)
9
3
1
4
33-13
10
8
«Конибодом» (Конибодом)
8
3
1
5
31-25
10
9
«Нӯшофарин» (Бохтар)
9
1
0
8
1-117
3
10
«Чашма» (Шаҳритус)
9
0
0
3
1-68
0
Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 34 тӯб, Рафина Нормуродова («Бешкент»), Марҷона Саидова («Зебонисо») – 20-тӯбӣ, Шукронаи Ҷумъахон («Зебо») –18 тӯб.