Диловари Зуҳуриён, оҳангсози шинохтаи тоҷик, дар пайи як садама, дар 46-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи дӯстони овозхон, мошини ӯ нимашаби 18-уми октябр дар шоҳроҳи Данғара – Ваҳдат ба мошини боркаш бархӯрда, садама кардааст. Оҳангсозро бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ"овардааанд.
Ба гуфтаи Шоираи Раҳимҷон, шоира ва таронанависи тоҷик, маросими видоъ бо оҳангсоз дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара доир мешавад. Як манбаи дигар гуфт, Диловари Зуҳуриён як рӯз пеш аз ин фалокат, барои бори дуввум издивоҷ кардааст.
Исми Диловари Зуҳуриёни 46-сола ҳанӯз аз солҳои 2000-ум бо оҳангҳои маъруфе, ки барои Манижа Давлатова, Садриддин Наҷмиддин ва дигар овозхонони номдори тоҷик навиштааст, шинохта шуд.
Вай муаллифи оҳангҳои маъруфи "Дили дардманд", "То ҳастаму ту ҳастӣ"-и Манижаи Давлат, таронаи "Модар" ва "Гӯшаи бом"-и Сироҷиддини Фозил аст. Худаш дар як мусоҳибаи имсолаш гуфтааст, ки такрибан 500 оҳанг эҷод кардааст. Диловари Зуҳуриён, чанд моҳи ахир ба ҳайси оҳангсози дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио фаъолият мекардааст.