Дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон сохтмони беш аз 60 хона барои мардуми аз сел зарардида ҷараён дорад. Ҳар рӯз чанде аз омӯзгорону кормандони идораҳои дигари давлатӣ ва сокинон ба он ҷо рафта, хишт болои хишт мегузоранд, ки то фаро расидани сардиҳо зарардидагонро аз хаймаҳо ба хонаҳои нав кӯчонанд.