Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ҳамла ба Абдулоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори "Азия-Плюс"-ро маҳкум кардааст.
Сафорат рӯзи 14-уми май дар изҳороте гуфт, "аз идомаи ҳамлаҳо ба расонаҳои мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус аз ҳамла ба хабарнигори "Азия-Плюс" Aбдуллоҳ Ғурбатӣ изҳори нигаронӣ мекунем."
Дар изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон давъат шудааст, ки ҳамлаваронро ёфтаву ба ҷавобгарӣ кашанд.
"Барои рӯзноманигорон шароите таъмин кунед, ки бе тарси интиқом тавонанд корро анҷом диҳанд", - навиштааст сафорати Амрико.