Мы в Telegram
Добавить новость

Книгу о Новороссийской военно-морской базе представят в Музее Победы

Мария Багреева: контрактная система Москвы направлена на развитие конкурентной среды и поддержку российского бизнеса

В Чехове на торгах зафиксировали рекордную стоимость участка для ведения ЛПХ

Как редакция PEOPLETALK готовится к лету

World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

"Фақат сарашба зан!" Таърихи латту кӯби журналистон дар Тоҷикистон

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Латту кӯби журналисти ҷавон, аммо хеле ҳирфаии тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ҷасорату маҳораташ барои баррасии масоили ҷиддӣ ва он ҳам дар шакли касбиву бо фарогирии майлонҳои нав басанда аст, як ҳушдори ҷиддист. Хоса дар ин шабу рӯз, ки дунёро масоили муҳим фаро гирифтааст ва дар ин давраву бо ин шева мушкил пеш овардан ба фаъолияти журналистон дар кишварҳои низомашон заиф қобили пешбинӣ буд.

Аммо, агар мо тамоми мавридҳои латту кӯби журналистони тоҷикро дар 28 соли ахир баррасӣ намоем, чанд умумият ва монандиҳоеро пайдо мекунем, ки муҳим будани омили вақт ва фазоро зери суол мебаранд. Яъне, барои ҳамлаварон омилҳои ёдшуда муҳим нест, ки дар кадом шароит ба сар мебарем.

Хулоса аз ҳамаи латту кӯбҳо ва сабаби онҳо чандто номбар шудаанд:

Доираҳои манфиатдор дар баробари фаъолмандии журналистон заъф нишон додаанд;

Мехостанд ба ин васила ҷомеаро аз масъалаҳои муҳим дур баранд;

Ба воситаи ин гуна ҳолатҳо дар зеҳнияти мардум тарсзоӣ мекунанд. 

Аввалин ҳодисаи латту кӯби журналистон ба замони раҳбарии Раҳмон Набиев рост меояд. Баҳори соли 1992 сардабири нашрияи “Чароғи рӯз” Додоҷон Атовуллоевро дар маркази пойтахт замоне заданд, ки гирдиҳамоиҳои давомдор нав шурӯъ шуданд. Дар паи ин ҳодиса журналист ба ғайр аз захмҳои зиёди бардоштааш, ҳамчунин аз чанд дандон маҳрум гардид.

Бо сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ, журналистон мисли аксарияти мардум ба қатори одамони беҳимоя дохил шуданд ва акнун латту кӯб мисле ки як ҳодисаи муқаррарӣ гардид. Аз ин хотир, шояд ягон омори дақиқ дар мавриди латту кӯб қарор гирифтани ҳамкасбони мо дар он давра вуҷуд надорад.

Бадбахтона дар ин моваро беш аз 70 журналист ҷони худро аз даст дод.

Пас аз имзо шудани Созишномаи сулҳ дар соли 1997 ва то андозае ба ҳаёти муқаррарӣ ворид гардидани фазои иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла ба вуҷуд омадани матбуоти мустақил низ, мавридҳои латту кӯби журналистон баъзан вуҷуд доштанд.

Масалан, латту кӯби Хуршеди Атовулло дар назди хонааш дар тирамоҳи соли 1998 аз ҷониби зердастони қумандонҳои он замон иқтидорманд, ки дар паи як баҳси иҷтимоӣ ҳамсояи рӯ ба рӯяш ташкил намуд. Ману Рустами Ҷонӣ на танҳо шоҳид, балки нафароне гардидем, ки аз ин “марҳамати” қумандонҳо “бебаҳра” намондем. Раҳматкарими Давлат ва Адолати Мирзо низ дертар ин лаҳзаро шоҳид гаштанд.

Андактар Сайёфи Мизроб, ки он замон ҳамроҳ бо як корманди мақомоти амният дар “Ҷавонони Тоҷикистон” дар бораи қочоқ ва тиҷорати маводи мухаддир матлаб таҳия мекарданд, боз ҳам дар наздикии хонааш мавриди латту кӯби афроди ношинос қарор гирифт. Сайёфи Мизроб ба ин бовар аст, ки ин ҳодиса ба фаъолияти журналистии ӯ дахл дорад, чун матлаби зикршуда қаблан танҳо бо имзои корманди амният ва андактар имзои мустаори “Мухбири худамон” нашр мешуду номи журналист зикр намегардид. Аммо дар шумораи ахири силсиламатлаб имзои Сайёфи Мизроб гузошта шуд. Аз он давра ҳодисаи дигареро ёд надорем.

Шояд ҳолатҳои дигар ҳам ҷой доштанд, ки расман зикр нашудаанд. Бо ин вуҷуд аз ин ҳодисаҳо, фикр мекунам ҳолатҳои он замонро ба сифати як навъи бархӯрд ва раванди муносибат бо журналистони Тоҷикистон баҳогузорӣ кардан душвор аст.

Бо ду далел.

Аввалан, вазъияти кишвар дар маҷмӯъ ҳанӯз пурра ба эътидол наомада буд ва аз ин имкон ҳар кас метавонист суистифода намояд.

Дуввум, матбуоти он давра то ин ҳад таъсиргузор набуданд, ҳадди ақал матбуоти ҷиддиаш. Худи журналистони латтукӯбшуда ҳам шояд то охир бовар надоштанд, ки ҳодисаҳои рухдода маҳз ба фаъолиятҳои касбии онҳо марбут бошад.

Вале матбуоти соли 2003-2004 аз лиҳози контент ва мӯҳтаво комилан дигар гашта буд. Ҳатто гуфтан мумкин аст, ки матбуоти сиёсӣ муайянкунандаи хатти машйи муҳтавои нашрияҳои дигар ва ҳамин тавр фазои иҷтимоии кишвар гардид. 

Дар ҳамин давра инҷониб, ки муассис ва сардабири нашрияи “Рӯзи нав” будам, зимни як сафар ҳамроҳ бо масъули техникии ҳафтанома дар шаҳри Хуҷанд, 18-уми январи соли 2004 бори аввал мавриди латту кӯби ашхоси номаълум қарор гирифтем. Аммо дар ин бора расман чизе нагуфтем. Яке аз сабабҳои ошкор накардани ҳодисаи мазкур ба он вобастагӣ дошт, ки дар натиҷа метавонист хонандаи рӯзафзуни нашрияро як қадар эҳтиёткор ва ҳатто аз хондани “Рӯзи нав” дар ҳолати тарсзоӣ қарор бидиҳад. Ҳарчанд дар ин бора ҳамкасбони мо, аз ҷумла кормандони “Вароруд”, ки як шаб иҷборан аз хонаи иҷора ба он ҷо ҷон ба саломат бурдем, огоҳ буданд.

Дар фурудгоҳи Хуҷанд вақте “таваҷҷуҳи махсуси” мақомотро эҳсос намудем, маҷбур шудем ба намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар Душанбе хабар бидиҳем, то дар фурудгоҳи Душанбе моро пешвоз бигиранд. Дар бораи ин ҳодиса хонандаи нашрия ва ҳамин тавр ҷомеа хабар наёфт. Мафҳуми он замон машҳури “фақат сарашба зан” маҳсули ҳамон ҳодиса аст, ки аз забони ҷинояткорон дар шаби сарди 18 -уми январи соли 2004 садо медод.

Дар бораи ҳодисаи аввал мо танҳо вақте хабар додем, ки маротибаи дувум дар таърихи 29-уми июли соли 2004 инҷониб дар наздикии хонаам дар Душанбе мавриди сӯиқасд ба ҷон қарор гирифтем. Ҳодисаи дувумро ман ҳамеша ҳамчун сӯиқасд ба ҷон эълом кардаам, бо ду сабаб.

Якум, аз лиҳози шакли бархӯрд, яъне истифода шудани оҳанпора ҳангоми задан ба фарқи сар, ки ба гуфтаи духтурон метавонист хеле хатарзо бошаду барои нобуд шудани инсон мусоидат намояд.

Дуюм, муносибати кормандони милиса, ки дар ибтидо дар кӯча ҳарчанд маро бо сару рӯи хуншор медиданд, аммо эътибор намедоданд ва баъдан ҳам, ки бо худ гирифта бурданд, ба ҷои ба касалхона бурдану расонидани ёрии аввали тиббӣ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурдаву аз ман баёнот мегирифтанд. Онҳо танҳо пас аз он ин амалашонро қатъ карданду маро ба касалхона бурданд, ки гурӯҳе аз дӯстон аз ҳодиса бохабар шуда, ба ШКД омада, барояшон гапҳои сахт гуфтанд.

Ба гуфтаи духтурон рафтани хуни бисёр ҳам метавонист боиси марги инҷониб гардад. Бо пайдо шудани шубҳаи зиёд дар гирду атроф маҷбур гардидам, ки забонхате дар касалхона навишта, ҳамон шаб бо гирифтани ҷарроҳии сабук ба хонаам биравам, на ин ки дар касалхона монам.

Субҳи рӯзи дигар ин ҳодиса сарусадои зиёдро ба вуҷуд овард. Аз ҷониби ҳамкасбон ва созмонҳои журналистии дохилу хориҷ ва сафорату созмонҳои байналмилалӣ изҳоротҳои паёпай нашр шуданд. Кормандони “Рӯзи нав” водор шуданд варақаи махсус чоп карда, ба таври ройгон дар байни мардум паҳн кунанд, чун овозаҳои гуногун пароканда гардид.

Маҳз ҳамин ҳодиса, ки баъди тақрибан як моҳаш нашри то ин замон ҳам мушкили нашрия якбора номумкин гардид, боис ба гуфтугӯҳо дар ин бора гашт, ки дар Тоҷикистон марҳалаи дувуми бархӯрд ба журналистон, яъне латту кӯби онҳо фаро расидааст ва бо ҳамин роҳ мехоҳанд дар дили журналистон ва мардум тухми тарс бикоранд.

Баъд як “марҳалаи таътил” пеш омад. Ин ба замоне дуруст омад, ки пас аз мушкил пеш овардан дар нашри “Рӯзи нав”, “Нерӯи сухан”, “Одаму олам” ва “Адолат” мақомот тақрибан ду сол ягон нашрияи навро сабти ном накарданд. Солҳои 2005 - 2006 нашрияҳои нав – “Миллат”, “Нигоҳ”, “Фараж”, “Озодагон” пайдо шуданд ва оҳиста – оҳиста ҷуръат ҳам дар онҳо ҷо ёфт. Маҳз дар ин давра маҷмӯан 6 ҳодисаи латту кӯби журналистон иттифоқ афтод:

Маҳмадалии Мақсадулло, муҳаррири нашрияи “Тоҷикистон”, 5-уми октябри соли 2007;

Хуршеди Атовулло, 31-уми августи соли 2011;

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи феълан чопаш мамнӯи “Наҷот”, ки ҳоло дар маҳбас қарор дорад, 7-уми феврали соли 2011; 

Далер Шарифов, ки ҳоло дар зиндон аст ва он вақт хабарнигори шабакаи телевизионии "Сафина” буд, 7-уми майи соли 2012;

Абдураҳими Умариён, сухангӯи пешин Хадамоти гумрук, 27-уми феврали соли 2013

ва Доро Суҳробӣ, 18-уми сентябри соли 2016.

Ҳамчунин 5 майи соли 2012 сарвари Ҷамъияти узбекҳои вилояти Хатлон Салим Шамсиддинов мавриди ҳамлаи одамони номаълум қарор гирифт. Баъдан ӯ изҳор намуд, ки ин ҳодисаро пайомади мусоҳибааш дар нашрияи “Миллат” медонад. Воқеан, ин нафар баъдан умуман нопадид гашту дигар зинда будан ё маргаш номаълум монд.

11-уми майи ҳамон сол нависандаи шинохта, равоншод Равшани Ёрмуҳаммад - падари вакили мудофеи пурсарусадо Бузургмеҳр Ёров низ дар наздикии хонааш латту кӯб шуд. Баъдан ин гуна фарзияҳо пеш омад, ки зада шудани нависандаи пиронсол ба фаъолмандии писараш дар ВАО иртибот мегирад.

Аммо аз ин 9 ҳодисаи зикршуда ба 3 ҳолат, фикр мекунам, таваҷҷуҳи хос додан зарурат дорад.

Яъне латту кӯби инҷониб дар соли 2004, Ҳикматулло Сайфуллозода дар соли 2011 ва Далер Шарифов дар соли 2012. Зеро ин се ҳолат бархе гиреҳҳои нокушода ва баъзан монандиҳо доранд.

Аз ҷумла, ҳам дар ҳолати Сайфуллозода ва ҳам Далер Шарифов аввал хабаре паҳн гашт, ки кормандони милиса гӯё нафаронеро ҳамчун гумонбар дар ин ҷиноёт боздошт кардаанд, вале баъдан ин гуфтаҳо рад шуданд.

Латту кӯби ману Далер, агар шабона иттифоқ афтода бошад, аз Сайфуллозода субҳи барвақт, аммо дар ҳама ҳолат дар наздикии манзили зист.

Далер Шарифов дар мусоҳибаҳои аввалинаш изҳор намуд, ки пешопеши ин ҳодиса дар телефон ва почтаи электрониаш паёмҳои таҳдидомез гирифтааст.

Ҳамчунин ҳам дар ҳодисаи латту кӯби ман ва ҳам Далер аз беэътиноии духтурон шикоятҳо ҷо дошт.

Ду ҳодиса – латту кӯби ману Сайфуллозодаро Абдураҳим Қаҳҳоров шахсан зери назорат гирифт. Дар ҳолати ман ҳамчун муовини аввали вазир ва дар ҳодисаи дувум ҳамчун вазири корҳои дохила. Вале то имрӯз аз омилони ҳодиса дар ҳеч куҷо хабаре нест. Вазири феълӣ Рамазон Раҳимзода баробари омаданаш дар як нишаст ваъда дод, ки парвандаҳоро аз нав ба баррасӣ мегирад, вале аз байн чанд сол гузашта бошад ҳам, танҳо як маротиба ва он ҳам чандин сол пеш маро барои суҳбат даъват карда буданду халос.

Аз байн 16 сол гузашт. Ҷиддан ба ин масъала машғул нашудани мақомот тахмину гумонҳои гуногун ва овозаҳоро ба миён меорад.

Пас журналистон бояд чӣ кор кунанд?

Соли 2011 дар як нишасти байналмилалии вобаста ба таҳдид, латту кӯб ва куштори журналистон, ки бо ташаббуси САҲА дар Рига баргузор шуда буд, пешниҳод кардам, ки созмонҳои байналмилалии бонуфуз рӯйхати кишварҳоеро, ки дар онҳо журналистонро латту кӯб кардаанд, ё кушта шудаанду ҷинояткорон ёфт нашудаанд, тартиб диҳанд ва то замони пайдо нагардидани омилон номи ин кишварҳо бо ранги сиёҳ зикр кунанд. Таваҷҷуҳ ба ин пешниҳод хеле ҷиддӣ буд, аммо баъдан ибтикоре пеш наомад.

Пас аз зада шудани Доро Суҳробӣ - як коромӯзи нашрияи “Фараж” пешниҳод намудам, ки ҳамкасбони мо аз усули “шиканҷаи нарм” кор бигиранд. Яъне то замони ҳалли мунсифонаи қазия ин ҳодисаро бо зикри номи он милисаи шиканҷагар дар сархати хабарҳо бигзоранд. 

Бигзор ҳам аз нигоҳи қонун посух гӯяд, ҳам зарари маънавӣ бинаду дар карйераи касбиаш асар гузорад. Ин натиҷаи беҳтари қонуният хоҳад буд. Вале бо пайдо гаштани сабабҳои субъективӣ дар ин ҳодиса ин пешниҳод ҳам, ҳарчанд ҷонибдорӣ ёфт, аммо идомаи мантиқӣ пайдо накард.

Бовуҷуд, дар ҷомеаи Тоҷикистон, то латту кӯби Ғурбатӣ зиндонӣ кардани Далер Шарифов пеш омад. Акнун мегуфтанд, ки навҳаи бархӯрд бо журналистон, яъне латту кӯби ҳамкасбонамон бо ҳамин анҷом ёфта, ба марҳалаи дигари бархӯрд, ки онро “бархӯрди маданӣ”, яъне баррасии масъалаву мушкил аз тариқи роҳҳои қонунӣ дар мурофиаҳои судӣ ҳам меноманд, рӯ ба рӯ шудаем.

Пас ҳоло маълум мешавад, ки дар ин баҳо шитоб доштаем?

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Подмосковный терапевт рассказала о главном заблуждении про повышенное давление

В ТиНАО создадут новые управы

На фестивале «Московская весна» на Городецкой улице дети учились основам режиссуры

Блогеры Влад А4 и Юлия Годунова стали родителями

Музыкальные новости

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова

ООН незаметно признала Путина: Сообщено об официальном письме

Таунхаусы в Подмосковье за год подорожали в среднем на 6% — до $258,9 тыс

Правительство РФ сообщило о перевыполнении планов по достижению цифровой зрелости национальной экономики

Новости России

Как редакция PEOPLETALK готовится к лету

Тюменские повара устроили свадебное застолье на выставке в Москве

Один из кандидатов в главы Евпатории вчера развлек комиссию

Собянин назвал самые красивые новые станции метро, по мнению москвичей 

Экология в России и мире

Дети из Узбекского землячества Бурятии увидели театр кукол «Ульгэр»: Россия и Культура

С чем носить джинсовое платье этой весной: примеры образов

Показ Academy Kaurtseva Fashion Day III 24

В День Пушкина театр кукол «Ульгэр» в райцентре Бурятии: Россия, Культура, Дети

Спорт в России и мире

Виктория Азаренко пробилась в четвертьфинал турнира WTA в Риме

Соболенко вышла в полуфинал турнира WTA в Риме

Азаренко вышла в четвертьфинал турнира WTA-1000 в Риме

Ангеліна Калініна поступилася восьмій ракетці світу Саккарі на турнірі WTA 1000 у Римі: результат

Moscow.media

Артисту оркестра ОМОН «Авангард» ГУ Росгвардии по г. Москве Алексею Огурцову присвоено звание «Почетный деятель искусств города Москвы»

«Биржа грузоперевозок ATI.SU» запустила сервис «Выгодные направления»

Сервер российского вендора DатаРу прошел сертификацию и показал рекордную производительность при работе с SAP HANA

Роботы-курьеры «Яндекса» будут доставлять заказы в ещё нескольких районах Москвы











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Мария Багреева: контрактная система Москвы направлена на развитие конкурентной среды и поддержку российского бизнеса

С севера – на берег: премьера бара Padron

В Чехове на торгах зафиксировали рекордную стоимость участка для ведения ЛПХ

В столичных отделениях Соцфонда перестали выдавать СНИЛС