Қирғизистон тасмим дорад, яке аз гузаргоҳҳои марзиашро бо Тоҷикистон бандад. Дар ин бора Акрам Мадумаров, муовини сарвазири Қирғизистон 12-уми май дар ҷаласаи порлумонӣ хабар дод.
Таабалдӣ Тиллоев, вакили порлумони Қирғизистон пешниҳод кард, ки то ҳалли масоили марзӣ сарҳад бо Тоҷикистон баста шавад. Вакил гуфт, дар пайи низоъҳои марзӣ сокинони наздимарзӣ ва марзбонон зарар мебинанд.
Акрам Мадумаров гуфт, роҳбарияти Қирғизистон бояд чунин иқдоме бигирад.
"То имрӯз мо имкони истифодаи фишанги иқтисодиро аз даст додем. Миёни Тоҷикистон ва Узбекистон 16 гузаргоҳ амал мекунад, дар ҳоле ки то соли 2017-2018 тавассути марз чизе намегузашт. Бале, ҳоло вилояти Суғд аз марзи Қирғизистон вобастагӣ дорад. Давоми 2-3 рӯзи оянда мо гузаргоҳи "Кайрагач"-ро мебандем, худи онҳо аз мо хостанд, ки дар робита ба паҳншавии вируси корона чораандешӣ кунем. Аммо мо гузаргоҳи "Қизил-бел"-ро ҳоло наметавонем бандем - созишномаҳои байналхалқӣ ҳастанд. Набояд фаромӯш кард, ки шаҳрвандони мо ҳам ба тиҷорат машғуланд ва тавассути марз мол интиқол медиҳанд. Бо истифода аз фишангҳои иқтисодӣ мо метавонем ба шаҳрвандони худамон ҳам зиён оварем. Ҳоло танҳо як гузаргоҳро мебандем", - гуфт Мадумаров.
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба барангехтани муноқишаи мусаллаҳона дар рӯзи 8-уми май муттаҳам кардаанд.
Дар ин муноқиша, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, ду шаҳрванди Тоҷикистон, се сарбоз ва як сокини оддии Қирғизистон ҷароҳат бардоштаанд. Вазоратҳои умури хориҷии ҳарду кишвар рӯзи 9-уми май яке паси дигар бо нашри баёнияи расмӣ гуфтанд, ки сафирони ҳамдигарро ба вазорат хонда ва нотаи эътирозӣ супурдаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хати марзро бикашанд. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.
Муноқишаи имсол дар замоне сурат мегирад, ки ду кишвар барои муқобила бо густариши бемории СОVID-19 даступо мезананд ва дар Қирғизистон ҳамсоя вазъи фавқуллода эълон шудааст. Дар Қирғизистон бештар аз 900 нафар ва дар Тоҷикистон бештар аз 620 нафар ба бемории нав гирифтор шудаанд.