Полиси Олмон гуфт, даҳҳо нафарро дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар дастгир кардааст.
Ба қавли мақомот, ин кор баъди он сурат гирифт, ки эътирозҳои рӯзи 9-уми май ба зидди маҳдудиятҳои ҷоришуда барои пешгирӣ аз коронавирус дар ин кишвар ба хушунат печид.
Дар Берлин 86 нафарро баъди партофтани зарфҳои шишаӣ ба сӯи афсарони полис дар минтақаи “Александр Платз” боздошт кардаанд. Дар даргирии Берлин як афсар маҷруҳ шудааст.
Полис мегӯяд, дар шаҳри ғарбии Дортмунд марди 23-сола дар ҷараёни тазоҳурот ба сӯи хабарнигор ҳамла кардааст.
Дар шаҳри Кёлн муътаризон аз харидорон хостаанд, ҳангоми дохил шудан ба фурӯшгоҳҳо биниашонро напӯшонанд.
Дар Мюнхен полис бо истифода аз баландгӯ аз муътаризон хостааст, қоидаи дурӣ аз якдигарро риоя кунанд, то хатари сироятшавӣ ба коронавирус камтар шавад.
Бо вуҷуди коҳиши тадриҷии маҳдудиятҳо дар Олмон, ки аз ҳафтаи гузашта оғоз шуд, мардум дар шаҳрҳои гуногун даст ба эътирозҳо зада ва гуфтаанд, маҳдудиятҳо ба иқтисоди онҳо таъсири манфӣ гузоштааст.