Баргузории мусобиқаҳои футбол дар Тоҷикистон то 10-уми майи имсол манъ карда шуд.
Масъулони Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфтанд, бозиҳои даври чаҳорум миёни дастаҳои Лигаи олӣ тибқи ҷадвал рӯзи 26-уми апрел баргузор мешавад ва сипас танаффус эълон мегардад.
Ситоди ҷумҳуриявӣ барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус рӯзи 25-уми апрел мактабҳоро таътил карда, баргузории ҳамагуна маъракаҳо, аз ҷумла мусобиқаҳои варзиширо муваққатан боздошт.
Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфтааст, бо ҳадафи ҳифзи саломатӣ ва амнияти сокинон аз ин қарор пуштибонӣ мекунад.
Дар ҳоле ки бозиҳои футбол дар саросари ҷаҳон муваққатан қатъ шудааст, дар Тоҷикистону Беларус, Бурунди ва Никарагуа мусобиқаи футбол идома дошт.
Бозиҳо дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошогарон мегузашт. Ҳоло Тоҷикистон муваққатан аз ин феҳрат хориҷ шуд.