Мы в Telegram
Добавить новость

Певца Филиппа Киркорова засняли в пиджаке с бриллиантовой брошью

Коммунальщики Мытищ начали подготовку к следующему отопительному сезону

Источник 360.ru: удава достали из унитаза в квартире на северо-востоке Москвы

Антитеррористические учения прошли в школах Солнечногорска

World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Саволҳои беҷавоби барномаи ислоҳоти милиса ба полис

Саволҳои беҷавоби барномаи ислоҳоти милиса ба полис

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар амри иҷрои барномаи ислоҳоти милитсияи тоҷик бархе ӯҳдадориҳояшро иҷро накард. Ин созмони байнулмилалӣ дар Душанбе  яке аз нозирони амалӣ шудани ислоҳот аст. Вале САҲА гуфт, ин изҳори назарҳоро шарҳ намедиҳад. 

Ислоҳоти милитсия, ки оғозаш соли 2011 шурӯъ шуда буд, қарор аст соли 2020 ба анҷом расад.  Бар асоси ин ислоҳот, номи милитсия ба полис иваз мешавад ва, ба гуфтаи мақомот, бояд ҳамкории ин ниҳод бо мардум бештар шавад.  Мақомот мегӯянд, дар миёни ормонҳои куллии ин ислоҳот - боло бурдани сатҳи касбии ходимони ҳифзи қонун, мубориза бо фасодкорӣ, хотима додан ба шиканҷаву бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо мебошад. 

 

Ислоҳот инчунин тағйироти сохториро дар назар дорад. Аз ҷумла, тавре ҳукуқдод ва раиси ҳизби Сотсиал-демократ Раҳматулло Зоиров шарҳ дода буд, “дар пайи таҷдиди сохтории ВКД Тоҷикистон, бояд бархе аз хадамоти ин вазорат, назири шиносномадиҳиву оташхомӯшкунӣ ва БДА ба сохторҳои ҷудогона табдил шаванд. Полис танҳо ба ошкорсозии ҷиноят ва пешгирии ҷинояткорӣ машғул мешавад. Ба ин хотир пешниҳод мешавад, ки номи ВКД Тоҷикистон ҳамчунон боқӣ мемонанд, вале маъмурони милитсия дигар политсия шуда, танҳо ба ошкорсозии ҷиноятҳо машғул мешаванд”.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, шарти муҳими дастёбӣ ба ислоҳот – эҷоди ҳусни эътимоди ҷомеа ба ходими полис - як чолиши ҷиддӣ боқӣ мемонад ва хабарҳои зиёд оид ба шиканҷаву бадрафторӣ бо шаҳрвандон дар идораи полис аломат намедиҳад, ки дар самти тағйири шеваи рафтор ислоҳоте ҷараён дошта бошад.

Раҳимзода аз САҲА домангир шуд, САҲА посух надод

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, бархе аз донорҳое, ки барои ислоҳоти милитсия бояд кӯмак мекарданд, уҳдадориҳояшонро то ба охир иҷро накарданд. Ангушти ишораи вазири тоҷик ба САҲА буд ва ӯ гуфт: “Донорҳои муйаяне ба мо кӯмак мекарданд, ки ислоҳотро ба охир расонем. Махсусан иваз кардани либоси милисаи замони Шӯравӣ боқӣ мондааст. Мутаассифона САҲА то ба охир уҳдадорие, ки ба дӯш гирифта буд, ба охир нарасонид”. Вазир аз ин зиёд шарҳ надод.

Валериу Кивер сафири САҲА дар Тоҷикистон рузи 14-уми феврал дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин нишасти вазир ҳузур надошт ва чизе гуфта наметавонад. Ӯ аз посух ба суолҳои радиои Озодӣ худдорӣ кард. Дархости Радиои Озодӣ аз дафтари матбуоти САҲА дар Вена ҳам беҷавоб монд. Дафтари матбуоти ин созмон баъди чанд рӯзи муроҷиат чунин посух дод: “Мо изҳороти мақомоти расмии кишварҳои узви САҲА-ро шарҳ намедиҳем”.  

САҲА - ниҳоди ёрирасон ба Тоҷикистон дар амри таҷдиди сохтории полис бо масъулон дар ин кишвар барои мутобиқсозии қонунҳои Тоҷикистон ба низоми нави корӣ ҳамкорӣ мекунад. Барои гузариш аз низоми милитсия ба полис  як миллиард сомонӣ харҷ шудааст. Бар асоси Ёддошти тафоҳуме, ки миёни Тоҷикистон ва САҲА дар соли 2011 имзо шудааст, хароҷоти ин ислоҳот аз ҳисоби буҷаву саҳми САҲА ва ҳам сармояҳои кишварҳои узви САҲА ва ҳамчунин худи ҳукумати Тоҷикистон пардохт мешавад.

Чаро камераҳои назоратӣ дар утоқҳои бозпурсӣ насб нашуданд?

Вале аз назари бархе сокинони Тоҷикистон, ислоҳоти симои ҳомии ҳуқуқи шаҳрвандон танҳо як мазмуни зоҳирӣ надорад ва  мақомоти полис бояд дар бораи тағйироти усулӣ дар шеваву  фаъолияти худ бошанд. Дар миёни масоили мавриди интиқод дар матбуот мушкилоти мисли поймолшавии ҳуқуқи инсон ба ҳангоми боздошт ва шиканҷаи гумонбарон зиёд садо медиҳад.

Як мусоҳиби Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт,  бо ин ки солҳои зиёд дар бораи ислоҳоти милиса гап  мезананд,  хабарҳо дар мавриди шиканҷаву бадрафторӣ аз суи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳарчӣ бештар расонаӣ мешавад. Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар гузашта гуфта буданд, ки  ба хотири ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар утоқҳои бозпурсии гумонбарон камераҳои назоратӣ хоҳанд гузошт. Аммо афроди огаҳ мегӯянд, мақомоти тоҷик барои ин кор кӯмаки донорҳоро дарёфт накард. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳадафи аслии ислоҳоти милитсия, аз назари ҳуқуқдонҳои огоҳ, ҳалли мушкилоти усулӣ дар низом аст,  ки ниҳоят бояд ба боло бурдани обрӯву мақоми ҳомии қонун дар чашми ҷомеа сабаб шавад.  

 

“Ислоҳоти доимӣ зарур аст”

Хирад Каргасов, коршиноси тоҷик, ки таҷрибаи кор дар чаҳорчӯби ислоҳоти милисаро дорад, гуфт ҳанӯз фурсати зиёд лозим аст, ки ислоҳоти куллӣ ба миён ояд. Ӯ мегӯяд, иваз кардани номи милиса ба полис ва ё тағйир додани либоси кормандони милиса роҳи ҳал буда наметавонад. “Агар либосашро иваз кунад, вале рафтори ӯ иваз нашавад, ин ҳеҷ маъние надорад. Инро таҷрибаи кишварҳои дигар нишон дод. Аз сӯи дигар, тамоми соҳа ба ислоҳоти доимӣ ниёз дорад, аз ҷумла милиса. Чун замона дигар мешавад, технологияҳо рушд мекунад ва ҷаҳонбинии мардум ҳарчӣ бештар тағйир мекунад”.

Таҷдиди сохтории милиса ба полис то ҳол дар Гурҷистон ва Қазоқистон ҳам амалӣ шудааст, вале ба андешаи коршиносон, сифати кори полис дар ин кишварҳо ба таҳаввулоти сиёсиву мавқеи ҳукумат дар бархӯрд ба риояи қонун ва ҳимояи ҳуқуқи инсон сахт бастагӣ дорад. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ҳар қадар дар кишвар озодиҳои сиёсӣ бештар бошад, назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дурустии кори полис ҳам бештар мешавад ва дар кӯмак ба беҳбуди кори ҳомии қонун мусоидат мекунад.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Логопед Лариса Кушнарева представит Химки на областном профконкурсе

Москвичка оставила младенца на ступеньках магазина и ушла

Глава РЖД: ВСМ до Нижнего Новгорода обязательно будет построена

Объем отгрузки товаров собственного производства вырос в Мытищах почти на 16%

Музыкальные новости

Белоусов собирает новую команду в Минобороны: Ждать ли возвращения Суровикина?

Активиста Булатова оштрафовали на 50 тысяч рублей за дискредитацию армии

Маркетологи рассказали, что влияет на популярность компании в 2ГИС

Что там в IT: ИИ-отрыв Google, ChatGPT почти человек, отечественный BIOS

Новости России

Логопед Лариса Кушнарева представит Химки на областном профконкурсе

В Пензу доставят икону «Всемилостивый Спас» 17 века

Мосгорсуд оставил под арестом обвиняемого в убийстве мотоциклиста Аббасова

Модернизация контейнерных площадок продолжается в Реутове

Экология в России и мире

Лукашенко лоббирует интересы Алиева по изоляции Армении

Азербайджанцев оправдали за убийство спортсмена Евгения Кушнира в Самарской области. Делом заинтересовался глава Следкома РФ А. Бастрыкин

Футболисты ФК «Динамо Пушкино» заняли второе место в межрегиональном турнире Laffy Cup 2024

В РМАТ ПРОШЕЛ I БИЗНЕС-ФОРУМ ВЫПУСКНИКОВ РМАТ 1999-2023 ГОДА ВЫПУСКА, ПОСВЯЩЕННЫЙ 55-ЛЕТНЕМУ ЮБИЛЕЮ АКАДЕМИИ

Спорт в России и мире

Шнайдер вышла в финал турнира WTA-125 в Париже, обыграв Грачёву

Путинцева вернулась после 0:6 и одержала важную победу

Касаткина, Андреева и Кудерметова — в тройке лидеров в борьбе за звание лучшей теннисистки

Теннисиста Медведева выбили из топ-4 ATP

Moscow.media

Сотрудник Дубненского отдела вневедомственной охраны Главного управления Росгвардии по Московской области встретился с учащимися МОУ СОШ №1

Курайская степь.

В РМАТ ПРОШЕЛ I БИЗНЕС-ФОРУМ ВЫПУСКНИКОВ РМАТ 1999-2023 ГОДА ВЫПУСКА, ПОСВЯЩЕННЫЙ 55-ЛЕТНЕМУ ЮБИЛЕЮ АКАДЕМИИ

Шапки женские на Wildberries — скидки от 398 руб. (на новые оттенки)











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Антитеррористические учения прошли в школах Солнечногорска

Глава РЖД: ВСМ до Нижнего Новгорода обязательно будет построена

Схема движения временно изменится в двух округах из-за проведения мотофестиваля

В Пензу доставят икону «Всемилостивый Спас» 17 века