Дар бархе аз тарабхона ва қаҳвахонаҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон барои ошпазӣ аз ҳезуми дарахти саксаул истифода мекунанд, ки ин навъи дарахт шомили Китоби сурх шудааст.
"Дар бархе аз тарабхонаҳо ҳезуми саксаул алов мекунанд. Ҳезумро бо мошинҳои боркаш меоранд. Ҳезумхонаҳои тарабхонаҳо аз дарахти саксаул пур аст",-гуфт як сокини Ишқобод.
Сокинони Туркманистон бовар доранд, ки ғизои бо ҳезуми саксаул таҳияшуда таъми хос дорад.
"Сарфи назар аз он ки саксаул шомили Китоби сурх шудаву буридани он мамнуъ аст, соҳибони тарабхонаҳо барои ошпазӣ аз он истифода мекунанд. Зеро бисёре аз муштариҳо маҳз таъом ва чойеро фармоиш медиҳанд, ки бо ҳезуми саксаул таҳия шуда бошад",-гуфт сокини дигари Ишқобод.
Дар Туркманистон, ки бештар аз 70 дарсади ҳудуди ин кишварро биёбони Қарақум ташкил медиҳад, даҳсолаҳост, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши биёбон саксаул ва дигар навъи ниҳолҳо шинонда мешавад.