Мы в Telegram
Добавить новость

Первый в России электромобиль Tesla Cybertruck заметили на Москве

Не хотела при нем мерить джинсы. Абьюзер в Москве при всех покромсал бывшую

Все краски Магнитки с высоты: 70 фотофактов о столице черной металлургии

В Троицке сотрудники прокуратуры и Почты РФ высадили саженцы сосны в бору

World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Февраль
2020

Новости за 03.02.2020

Ozodi.org 

С5+1: Аз мубориза бо терроризм то ҳамкориҳо дар бахши энержӣ ва сармоягузорӣ

ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо ва мубодила дар чаҳорчӯби ҳамоиши  мавсум ба “С5+1” таъкид карданд. Нишасти вазирон рӯзи 3 феврал дар шаҳри Тошканд бо иштироки Котиби давлатии ИМА Майк Помпео ва раҳбарони сиёсати хориҷии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ – вазири хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеуберди, Қирғизистон - Чингиз Айдарбеков, Тоҷикистон - Сироҷидин Муҳриддин, Туркманистон - Рашид Мередов ва Узбекистон - Абдулазиз Комилов  баргузор шуд. Дар изҳороти муштараки дипломатҳои баландпоя... Читать дальше...

Ozodi.org 

Вафодорӣ ё тавонмандӣ: Тағйироти ахири кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон чӣ маъно дорад?

Соли 2020 барои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷобаҷогузории кадрӣ оғоз шуд. Аммо дар баробари навсозии ҳайати ҳукумат ҳамчунин ҷойивазкунии кадрҳо сурат гирифт, ки дар натиҷа аксари таъиншудаҳо ҳамагӣ ҷойи пешини худро тағйир доданд. Бархе коршиносон инро як таҷрибаи маъмулии мудирияти давлат медонанд, баъзеи дигар инро як нишонаи рӯшани қудратгаройӣ ва набуди имкони ҷалб шудани чеҳраҳои нав ба низом медонанд. «Ҷойивазкунӣ дар миёни худиҳо» Мувофиқи фармони нави президент ва қарорҳои ҳукумат аз 24 ва 27 январи соли равон... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳашт созмон ва даҳҳо журналист хостори раҳоии Далер Шарифов шуданд

Ҳашт созмони ҷамъиятиву журналистӣ ва даҳҳо хабарнигори тоҷик бо нашри як изҳорот аз боздошти Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик шадидан нигаронӣ кардаанд. Мақомот Шарифовро рӯзи 30-юми январ бо гумони "барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ ва динӣ" ду моҳ ба ҳабс гирифтанд. Аммо наздикон ва дӯстони Шарифов ин иттиҳомро беасос медонанд. Созмонҳои ҷамъиятиву журналистии Тоҷикистон дар изҳороти худ гуфтанд, боздошти Шарифов "дар арафаи ду руйдоди муҳим дар кишвар -- интихоботи порлумонӣ ва президентӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Аз вазири нав қазияи "Диссернет"-ро пурсиданд

Вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки ба хулосаҳои “Диссернет” ё пойгоҳи ошкорсозии асардуздии донишмандон, аз ҷумла, олимони тоҷик, "чандон эътимод" надорад. Ин дар ҳолест, ки тибқи таҳқиқи “Диссернет” дар ду соли гузашта тахминан чил донишманди тоҷик дар асардуздӣ муттаҳам шуданд.

Ozodi.org 

Парвандаи ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" такмил шуд ва ба додгоҳ рафт

Тафтиши қазияи ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" ба анҷом расида,  парванда ба Додгоҳи олӣ ирсол шудааст. Ҳамла ба ин дидбонгоҳ рӯзи 6-уми ноябри соли гузашт сурат гирифт ва беш аз 15 нафар аз ҳамлаварон ва сарбозон дар он кушта шуданд. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал ба хабарнигорон гуфт, таҳқиқи қазияи ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" ба анҷом расида, Додситонии кулл парвандаро ба Додгоҳи олӣ ирсол кардааст. Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парванда нисбати 9 нафар буда, баррасии он паси дарҳои баста сурат мегирад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Шоҳиён: "Барои даст доштан дар ошӯбҳои ду зиндон 60 нафар ҷазо гирифтанд"

Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири даст доштан дар ошӯбҳои зиндони Хуҷанд ва зиндони Ваҳдат 60 нафар ҷазо гирифтаанд. Дар ин бора Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Аммо наздикони бархе аз маҳкумшудаҳо бо ҷурми иштирок ва ҳамдастӣ дар ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат, ҳукмро "ноодилона" хонда, бознигарии онро талаб карда буданд. Раиси Додгоҳи олӣ ҳам гуфт, бархе аз маҳкумшудагон аз ҳукми додгоҳ норозигӣ карда, даъво карданд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Натоиҷи бозиҳои даври аввали Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе

Бозиҳои даври аввали марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2020 дар минтақаи Душанбе, ки рӯзҳои 31-уми январ ва 1-уми феврал доир гардиданд, натиҷагирӣ шуданд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҷоми ФФТ дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Дар марҳилаи пешакӣ мусобиқот дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон – доир мегардад. Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе, ки 31-уми январ оғоз ёфт, ҳашт даста бар асоси қуръакашӣ ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Мишустин гуфт, хориҷиҳои гирифтори вирусро мумкин аст, аз Русия ихроҷ кунанд

Михаил Мишустин, сарвазири Русия рӯзи 3-юми феврал гуфт, хориҷиҳои гирифтори вируси навро мумкин аст, аз Русия ихроҷ кунанд. Ба иттилои расонаҳо, то субҳи 3-юми феврал танҳо дар Чин 17 ҳазору 238 тан ба коронавируси 2019-nCoV гирифтор ва 361 тани дигар аз ин вирус фавтидааст. Рӯзи 2-юми феврал шаҳрванди 44-солаи Филиппин аз гирифторӣ ба ин вирус фавтид. Ин нахустин фавт аз вируси нав дар берун аз Чин аст. Дар Русия ҳафтаи гузашта табибон ду ҳолати гирифторӣ ба вируси навро сабт карданд. Ҳар ду гирифторон шаҳрвандони Чин ҳастанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Текебоев: Ман аз ҳизб рафтани Шикмаматовро аз расонаҳо хондам

Омурбек Текебоев, раиси ҳизби "Ота Макон"-и Қирғизистон сабабҳои аз роҳбарии ҷиноҳи порлумонии ин ҳизб истеъфо додани Алмамбет Шикмаматовро шарҳ надод. Дар мусоҳиба бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ Текебоев гуфт, ки Шикмаматов бидуни худоҳофизӣ аз ҳизб рафтааст. "Ман танҳо аз расонаҳо хондам, ки Шикмаматов мандати вакилиашро супорида ва аз ҳизб хориҷ шудааст. Мо гуфтугӯ накардаем ва баъди хориҷ шуданаш ҳам тамос нагирифтем",-гуфт Текебоев. Алмамбет Шикмаматов рӯзи 27-уми декабр эълом кард, ки мандати... Читать дальше...




Ozodi.org 

Духтари Мирзиёев бунёди наверо муаррифӣ кард

Саида Мирзиёева, духтари Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, Бунёди ҷамъиятии пуштибонӣ ва рушди расонаҳои миллиро муаррифӣ кард. Дар маросими муаррифии бунёд Саида Мирзиёева гуфт, бо тамоми имконот ва таҷрибааш талош хоҳад кард, ки аз озодии баён ҳимоят кунад, шаффофияти кори мақомотро таъмин ва ҳуқуқу манфиатҳои рӯзноманигорону блогнависонро ҳифз намояд. "Ҳоло замоне фаро расид, ки соҳибкасбон, рӯзноманигорон ва блогнависонеро гирди ҳам оварем, ки аз мушкилоти расонаҳо огоҳ ҳастанд. Ва ба назари ман... Читать дальше...

Ozodi.org 

Помпео: ИМА аз Толибон шаҳодати воқеии хатми хушунатҳоро тақозо мекунад

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз Толибон талаб кард, ки қабл аз имзои созиши пеш аз музокироти сулҳ ва хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, «шаҳодати воқеии» коҳиши мизони хушунатҳоро ба намоиш гузоранд. Помпео рӯзи 3 феврал дар ҷараёни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон гуфт, ки замони созиш наздик омадааст, вале дар гузашта ҳам ҷонибҳо барои имзои як чунин қарордод наздик шуда буданд, аммо Толибон натавонистанд ҷиддияти ниятҳои худро дар заминаи сулҳ ба намоиш гузоранд. Помпео гуфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Қазоқистон парвозҳояшро ба Чин қатъ кард

Қазоқистон сар аз 3-юми феврал тамоми парвозҳояшро ба Чин ба далели паҳншавии вируси марговар қатъ кард. Расонаҳои расмӣ пеш аз ин аз қатъшавии равуои заминӣ бо Чин хабар дода буданд. Ба ин тартиб, 29-уми январ гардиши автобусҳо, 1-уми феврал гардиши қатора ва инак парвозҳои ҳавопаймоҳо қатъ шуд. Ҳамчунин Қазоқистон додани виза ба шаҳрвандони Чинро манъ кард. Ба иттилои мақомоти Чин, то имрӯз шумори қурбониёни вируси нав ба 361 кас расидааст. Дар як рӯзи охир дар он кишвар 57 тан дар пайи мубталоӣ ба вируси нав вафот кард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Як бурду як мусовии мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои санҷишӣ дар Анталия

Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Анталияи Туркия ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, аввалин бозии санҷишии мунтахаби наврасони кишвар, ки 31-уми январ муқобили дастаи «Коняспор»-и Туркия доир гардид, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Бозии дувуми санҷиширо футболбозони навраси тоҷик рӯзи якшанбе, 2-юми феврал, бо дастаи «Виктория»-и Берлини Олмон баргузор карда... Читать дальше...

Ozodi.org 

Муоинаи 285 нафар, ки аз Чин ба Тоҷикистон баргаштанд

Мақомоти тоҷик мегӯянд, то кунун 285 нафаре, ки аз Чин ба Тоҷикистон омаданд, зери муоинаи пизишкон қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи мақомот, инҳо шахсоне мебошанд, ки аз нимаҳои моҳи январ то имрӯз аз Чин вориди Тоҷикистон шудаанд. Аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар миёни онҳо атбои Чин низ ҳастанд. Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бештари ин афрод донишҷӯён, тоҷирон ва кормандони ширкатҳои чинӣ мебошанд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Бохти мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Эрон дар Тайланд

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе, мутахассиси 44-солаи гурҷӣ, дар аввалин дидори худ дар мусобиқаи байналмилалӣ («SAT International Futsal Championship 2020») дар Тайланд рӯзи 2-юми феврал аз тими Эрон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020», ки то 8-уми феврал дар шаҳри Ҳатяйи музофоти Сонгкҳлаи Тайланд идома меёбад, дар ҳайати ширкаткунандагони мусобиқа баъзе тағйирот ба амал омад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Вируси корона. Бемористоне ки Чин дар 10 рӯз сохт, ба кор оғоз мекунад

Бемористон бо 1000 тахти хоб, ки ҳукумати Чин барои муқобила бо вируси корона дар шаҳри Вуҳан зарфи тақрибан 10 рӯз бунёд кард, фаъолияти худро оғоз мекунад. Ҳамзамон бо омода шудани ин бемористон, мақомҳои чинӣ эълон карданд, ки шумораи ҷонбохтагон бар асари ин вирус дар он кишвар ба 361 тан расидааст. Ин рақам бештар аз шумораи қурбониёни вируси САРС дар Чин дар солҳои 2002-2003 мебошад. Расонаҳои давлатии Чин мегӯянд, бунёди бемористони нав дар шаҳри Вуҳан дар рӯзи 24-уми январ оғоз шуд ва қарор аст имрӯз... Читать дальше...

Ozodi.org 

Майк Помпео вориди Узбекистон шуд

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 3-уми феврал вориди Тошканд, пойтахти Узбекистон шуд. Қарор аст, ӯ имрӯз бо вазирони умури хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон доир ба ҳамкориҳои Амрико бо минтақа гуфтугу кунад. Ӯ пеш аз вурудаш ба Тошканд гуфт, ки дар нишаст, "доир ба масоили амниятӣ, ҳамгироии иқтисодӣ дар ин кишварҳо ва ҳам дар бораи он сӯҳбат мекунем, ки чӣ гуна ҳар яке аз ин кишварҳо метавонанд, худро аз назари иқтисодӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Помпео бо хонаводаҳои зиндониёни "урдугоҳҳои бозтарбияи Чин" мулоқот кард

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар сафараш ба Қазоқистон бо қазоқтаборони Чин мулоқот кард, ки мегӯянд, пайвандонашон дар "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ" дар Шинҷони Чин нигаҳ дошта мешаванд. Помпео аз кишварҳо хост, ки ба фирориёни Чин паноҳандагии сиёсӣ диҳанд. "Мо танҳо даъват мекунем, ба онҳое паноҳандагӣ дода шавад, ки аз Чин фирор кардаанд", - гуфт Помпео дар нишасти матбуотиаш бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ. Сар аз соли 2017 ба ин тараф аз минтақаи Шинҷон-Уйғури Чин дар бораи таъқиби ақалиятҳои қавмӣ... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ду медали варзишгарони тоҷик дар Иморот

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи 8-уми бози байналмилалии Фуҷайра-2020 (“8th Fujairah Open 2020-G1”) оид ба таэквондо WT, ки аз 31-уми январ то 2-юми феврал дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо гардид, як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои бори ҳаштум доир гардид, беш аз 1800 варзишгар аз 38 кишвар мувофиқи синашон дар чаҳор гурӯҳ – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва бузургсолон – рақобат карданд. Медали тиллоро ба мунтахаби Тоҷикистон Муниса Ойматова овард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Чаро "Идеяи миллӣ" ва "Шоҳраги иқтисоди Тоҷикистон"-ро ба фурӯш гузоштанд?

Тағйироти нав дар қонунгузории Тоҷикистон бо пешниҳоди президент ва ҷонибдории ҳар ду маҷлиси порлумон, ТАЛКО ва НБО Роғунро аз рӯйхати иншооте, ки қобили хусусӣ кардан нестанд, берун кард. Давлат ҳадаф дорад мудирияти худ бар ин ширкатҳоро ҳифз ва барои нигаҳдории онҳо сармоя ҷалб кунад. Вале на ҳама коршиносон ба ин хушбинӣ шариканд.  Ду иншооти муҳими саноатии Тоҷикистон НБО Роғун ва ТАЛКО баъди он ки палатаи болоии порлумон бо пешниҳоди президент аз тағйирот ба қонун "Дар бораи хусусӣ кардани моликияти давлатӣ" ҷонибдорӣ кард... Читать дальше...

Ozodi.org 

Қирғизистон 18 шаҳрвандашро аз Вуҳани Чин ба ватан овард

18 шаҳрванди Қирғизистон, ки дар шаҳри Вуҳани Чин қарор доштанд, тавассути ҳавопаймои махсус нахуст ба Қазоқистон ва сипас ба Бишкек интиқол дода шуданд. Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қирғизистон, ҳамаи ин шаҳрвандон аз санҷиши зарурӣ гузаронида шуда, дар беморхонаи махсус дар берун аз Бишкек бистарӣ гардиданд. Дар ҳоли ҳозир ҳолати гирифтории шаҳрвандони Қирғизистон ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳои Қирғизистон назорати санитарӣ ба роҳ монда шудааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Сабаби лағзиши маргбори замин дар метрои Тошканд муайян шуд

Сабабҳои сар задани ҳодисаи нохуш дар сохтмони метрои ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд муайян шуданд. Ба огаҳии Вазорати нақлиёти Узбекистон, ҳодиса ба иллати берун рафтан аз доираи лоиҳа ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ рух додааст. "Ҳангоми мустаҳкам кардани деворҳо ба хатоӣ роҳ дода шудааст. Ба ҷуз ин, оби боронҳо ба дохили нақб рафтаанд. Дар натиҷа замин нарм шудааст", - афзудааст манбаъ. Ба хонаводаҳои чаҳор қурбонии лағзиши замин дар сохтмони метрои Тошканд 261-миллион сӯмӣ (27,5-ҳазордолларӣ) ҷуброн дода шудааст. Читать дальше...

Ozodi.org 

Пулиси Лондон ҳамлавар ба раҳгузоронро кушт

Дар ҷануби Лондон пулис мардеро парронд, ки бо корд ба роҳгузарон ҳамла кард. Пулиси Лондон мегӯяд, ҳодисаро ҳамчун ҳамлаи террористӣ таҳқиқ хоҳад кард. Дар натиҷаи ҳамла се нафар захмӣ шуда, ҷони якеашон дар хатар аст. Ба иттилои Бӣ-бӣ-сӣ, ҳамлагар охирҳои моҳи январ аз зиндон озод шуда, ними ҷазои сесоларо барои айби марбут ба терроризм адо кардааст. Мард вориди фурӯшгоҳ шуда, ба муштариён ва сипас ба берун баромада, ба зани дучархарон ҳамла намудааст. Кормандони пулис се бор ӯро паррондаанд... Читать дальше...


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

«Ленком Марка Захарова» представит спектакль «Кабаре Пушкин»

Глобализму проходит конец. Мишустин четко ответил Силуанову

ТАСС: МИД России опубликовал корректную версию разговора Лаврова и Мухриддина

В Соединенных Штатах признали проблемы с тестированием гиперзвукового оружия

Музыкальные новости

Лавров позвонил главе МИД Таджикистана. Москва и Душанбе по-разному пересказали их диалог

6 городов России, где можно увидеть белые ночи кроме Санкт-Петербурга

звезды шоу-бизнеса посетили весеннюю неделю моды estet fashion week

Власти Евросоюза призвали РФ пересмотреть решение о судьбе "дочек" Ariston и Bosch

Новости России

«Ленком Марка Захарова» представит спектакль «Кабаре Пушкин»

Глобализму проходит конец. Мишустин четко ответил Силуанову

Кратко про арестованную подмосковную чиновницу Стригункову, курировавшую блок здравоохранения

Синоптики спрогнозировали облачную погоду и до +19 градусов в Москве 1 мая

Экология в России и мире

Шапки женские на Wildberries — скидки от 398 руб. (на новые оттенки)

Театр, искуство, Россия и дети: кукольная фотосессия в Бурятии

Куда поехать на майские праздники в России: топ-7 направлений

Оформить медицинскую книжку

Спорт в России и мире

Медведев обыграл Бублика и вышел в четвертьфинал "Мастерса" в Мадриде

Мирра Андреева обыграла Вондроушову в третьем круге турнира WTA в Мадриде

Потапова и Павлюченкова вышли в полуфинал турнира WTA в Мадриде в парном разряде

Россиянка Андреева стала рекордсменкой на турнирах WTA-1000

Moscow.media

Военные следователи провели в Судаке проверку лиц, не вставших на воинский учет

Google вложит 2 миллиарда долларов в дата-центр в Индиане

Актерское агентство Киноактер. Актерское агентство в Москве.

Уверенность в каждом дне вместе с автомобилем HAVAL











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Синоптики спрогнозировали облачную погоду и до +19 градусов в Москве 1 мая

Не хотела при нем мерить джинсы. Абьюзер в Москве при всех покромсал бывшую

В Троицке сотрудники прокуратуры и Почты РФ высадили саженцы сосны в бору

Прогулки по Германии: Мюнхен, Германия